Эмомалӣ Раҳмон президенти БОСИ-ро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Личунро ба ҳузур пазируфт. Тавре таъкид гардид, наздик ба панҷ сол аст, ки БОСИ дар сармоягузории лоиҳаҳои сершумори сармоягузорӣ дар самти бунёди инфрасохтор дар кишварҳои Осиё саҳм гузошта, барои Тоҷикистон низ шарики боэътимоди рушд ба ҳисоб меравад. Бино ба иттилои […]

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Личунро ба ҳузур пазируфт.

Тавре таъкид гардид, наздик ба панҷ сол аст, ки БОСИ дар сармоягузории лоиҳаҳои сершумори сармоягузорӣ дар самти бунёди инфрасохтор дар кишварҳои Осиё саҳм гузошта, барои Тоҷикистон низ шарики боэътимоди рушд ба ҳисоб меравад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот доир ба ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва бонки мазкур дар самти маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла дастгирии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи автомобилгарди минтақавии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва лоиҳаи «Таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1” фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика ва дигар соҳаҳои афзалиятнок аз ҷониби Бонк дар оянда низ дастгирӣ ёфта, сармоягузорӣ мегарданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ, ки дар заминаи ҳадафҳои стратегӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу энергетика ва экология таҳия ва амалӣ мегарданд, табодули афкори судманд анҷом доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.