Дар Душанбе аз куҷо метавон китобҳои дарсии хушсифат дастрас кард?

Корвон ва Корвон Сити Дар бозори Корвон метавон барои хонандагони синфҳои аз 1 то 11 китобҳои дарсии нашрияҳои гуногунро дастрас кард. Баъд аз як сол агар ҳолати онҳо хуб бошад, бо нархи бароятон муносиб фурӯхта ҳам метавонед. Дар Корвон Ситии рӯ ба рӯ он китобҳои дарсӣ ва лавозимоту дигар асбоби хониш дар контейнерҳо фурӯхта мешаванд. Нархҳо дар […]

Нигора Фазлиддин, Asia-Plus

Корвон ва Корвон Сити

Дар бозори Корвон метавон барои хонандагони синфҳои аз 1 то 11 китобҳои дарсии нашрияҳои гуногунро дастрас кард. Баъд аз як сол агар ҳолати онҳо хуб бошад, бо нархи бароятон муносиб фурӯхта ҳам метавонед.

Дар Корвон Ситии рӯ ба рӯ он китобҳои дарсӣ ва лавозимоту дигар асбоби хониш дар контейнерҳо фурӯхта мешаванд. Нархҳо дар ин ҷо қобили қабуланд, лекин ивази китоб имкон надорад.

Олами китоби “Дониш”

Дар “Дониш” метавон ҳама гуна китоби дарсиву соли нашрашро фармоиш дод, ки баъд аз ду ҳафта онро ба шумо мерасонанд. Нархи китобҳои дарсӣ аз 40 то 70 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин ҷо ҳамчунин асбобу дигар лавозимоти хушсифати мактабиро харидан мумкин аст.

Мағозаи олами китоби “Дониш” дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯ ба рӯйи чойхонаи “Роҳат” воқеъ аст.

Мағозаи “Китоб”

Он собиқ “Олами китоб” аст, ки назди маркази савдои “Садбарг” воқеъ аст. Яктоаш дар рӯ ба рӯйи бинои ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур дар кӯчаи Айнӣ; дигарӣ каме дуртар аз мағозаи маснуоти заргарии “Тоҷик Кристал” дар назди фурӯшгоҳи ҷиҳоз ва сарулибоси туркии FLO LC ва Wikiki дар хиёбони Рӯдакӣ ва сеюмӣ дар рӯ ба рӯйи бинои ширкати “Вавилон Мобайл” дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст.

Дар шабакаи мағозаҳои китоби “Дониш” номгӯйи васеи китобҳои дарсӣ ва асбобу лавозимоти хониш пешниҳод мешавад. Дар ин ҷо китоб ҳам қабул мекунанд, лекин нархаш ба ҳолати он вобаста аст.

Ва боз – Kilk, Kainak, Dabur

Дар ин мағозаҳо метавон асбобу лавозимоти хушсифати хониш харидорӣ кард. Нархҳо қобили қабул ва дастрас мебошанд.

Kilk дорои шабакаҳои худ дар Душанбе буда, фурӯшгоҳи асосиаш дар кӯчаи Навобод 75а, Kainak дар рӯ ба рӯйи чойхонаи “Роҳат” дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст.  Мағозаи Dabur низ дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯ ба рӯйи мактаби №8 ҷойгир шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.