Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Аз соати 10:00 то 20:00 дар Галереяи санъати муосири Тоҷикистон (МС “Душанбе Мол”) намоишгоҳи эҷоди рассоми Япония бо усули манга Каору Мори баргузор мешавад. Намоишгоҳ ба расму анъанаҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Воридшавӣ озодона аст; – Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба Шоми дӯстии “Тоҷикистон – Лаҳистон (Полша)” даъват […]

АНОНС

– Аз соати 10:00 то 20:00 дар Галереяи санъати муосири Тоҷикистон (МС “Душанбе Мол”) намоишгоҳи эҷоди рассоми Япония бо усули манга Каору Мори баргузор мешавад. Намоишгоҳ ба расму анъанаҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Воридшавӣ озодона аст;

– Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба Шоми дӯстии “Тоҷикистон – Лаҳистон (Полша)” даъват мекунад. Воридшавӣ озодона аст. Оғоз соати 18:00;

– Рӯзи 4-уми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Екатеринбург. Ҳайати Тоҷикистон аз Баҳодур Усмонов, Бахтиёр Мирзомуҳаммад, Бахтовар Сагизов ва Шаббос Неъматуллоев иборат аст;

– Мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми умед” оид ба футбол дар Қирғизистон. Дар вохӯрӣ барои дарёфти зинаи сеюм дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон бозӣ мекунанд;

– Дар Уммон (Урдун) мусобиқаи Ҷоми Дэвис оид ба теннис идома доранд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Камбоҷа ва Қирғизистон рақобат мекунад.  

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6911 сомонӣ;

1 евро – 10.6670 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1480 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1933 — Ифтитоҳи канали обёрии Вахш.

1992 – Ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ситораи тилоии Алберт Швейтсар тақдим гардид.

2000 – Дар Истаравшан корхонаи муштараки «Оби Зулол» оид ба истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан кушода шуд.

1927-2002 – Зодрӯзи нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мутеулло Наҷмиддинов.

1932 – Мавлуди олими адабиётшинос Саъдулло Асадуллоев.

1933 – Зодрӯзи олими фолклоршинос, доктори улуми филологӣ Додоҷон Обидов.

1934 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Саломатшо Шоназриев.

1941 – Зодрӯзи асосгузори филмҳои тасвирии тоҷикӣ коргардон Мунаввар Мансурхоҷаев.

1947 — Мавлуди Гулафзо Садриддинова, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон.

1955 – Зодрӯзи журналист Давлатқадам Хушқадамов.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 12 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.