Масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро кӣ ҳал мекунад?

Вакили “Жогорку Кенеш” Табилдӣ Тиллоев аз фаъол набудани Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард. Аммо намояндаи парлумон ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ҷониби Қирғизистонро дар хунукназарӣ ба масоили марзӣ айбдор мешуморад. Рӯзи 12-уми сентябр вакили парлумони Қирғизистон Табилдӣ Тиллоев дар ҷаласаи “Жогорку Кенеш” масъалаи муноқишаҳои […]

Мусои Бобохоҷӣ, Asia-Plus

Вакили “Жогорку Кенеш” Табилдӣ Тиллоев аз фаъол набудани Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард. Аммо намояндаи парлумон ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ҷониби Қирғизистонро дар хунукназарӣ ба масоили марзӣ айбдор мешуморад.

Рӯзи 12-уми сентябр вакили парлумони Қирғизистон Табилдӣ Тиллоев дар ҷаласаи “Жогорку Кенеш” масъалаи муноқишаҳои марзиро бардоштааст. Дар ин бора торнамои “Кактус медиа” хабар медиҳад.

“Мехоҳам масъалаи сарҳадро бардорам. Дар таърихи мо бори аввал раисҷумҳурони ду кишвар дар минтақае, ки он ҷо низои марзӣ ба амал омад, дидор карданд. Дар Ворух ва Оқсой гуфтушунид баргузор шуд, тавсияҳои хуб буданд. Мутаассифона, комиссияи махсуси таъсисшуда то ҳол ягон ҷаласа баргузор накардааст, баъд аз он ягон нафари онҳо ба он ҷо нарафтанд. Он вақт ба ҳукумат супоришҳои зиёд дода шуд. Мо бояд ҳисоботи ҳукуматро оид ба ин масъала шунавем”, – гуфтааст Табилдӣ Тиллоев.

Кӯшиши тамоси хабарнигори “Asia-Plus” бо ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Азим Иброҳим натиҷа надод. Ёвари ӯ барои фаҳмидани рӯйхати аъзои тоҷикистонии комиссияи мазкур ва гирифтани маълумот оид ба фаъолияти он дархости хаттӣ талаб кард.

Дар ҳамин ҳол, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Саидҷафар Усмонзода ба Хабаргузории “Asia-Plus” гуфт, ки ҷониби Қирғизистон хоҳишманди ҳалли масъалаҳои баҳсӣ нест.

“Комиссия аз ҷониби Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ҳатто шахсони баландпоя оид ба ин масъала рафта, суҳбат карданд. Аз тарафи Қирғизистон низ комиссия вуҷуд дорад, лекин онҳо худашон намехоҳанд ин масъаларо баррасӣ кунанд”, – изҳор дошт намояндаи парлумони Тоҷикистон.

Вай афзуд: “Ҳамон заминҳоро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд. Шояд фурсати муносиб кофта истодаанд, ки Исфараро низ аз худ кунанд?! Агар ба харитаи соли 1954 назар андозем, ҳудуди Ботканд ба Тоҷикистон дохил мешуд. Мо давлатҳои дӯсту бародар мегӯем, аммо инро аз ҷониби Қирғизистон надида истодаем. Вақте замини ҳамсояро мегирӣ, ин чӣ хел бародарӣ мешавад?”

“Онҳо бо ғайриқонунӣ гирифтани замин ва бастани роҳ аз меъёри ҳамсоядорӣ баромаданд. Боз айб дар демократияи Қирғизистон аст. Менталитети мардуми қирғиз ин демократияро набардошта истодааст”, – изҳор дошт раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон.

Саидҷаъфар Усмонзода гуфт: “Намояндагони Қирғизистон намехоҳанд, ки зудтар хатти сарҳадро муайян созанд ва баръакс мушкилот эҷод мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон ба ин баҳои сиёсӣ дода, бояд ҷавоби мувофиқ диҳад. Чӣ қадар одамон мурданд, сангзанӣ, роҳбандӣ ва монанди инҳо шуд. Магар инро ҳукуматдоронаш намедонанд? Бубинед, ки бо вуҷуди ҳамаи ин давлати мо муносибати бародарона кард, роҳи ҳалро ҷуст ва меҷӯяд”.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3-юми сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби сокинони деҳаи Орта-Бози Қирғизистон худсарона насб шудани хаймаҳои фурӯши сабзавот дар канори роҳи деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара сабаби низои марзӣ байни сокинон шуда буд.

Зимни муноқишаи рӯзҳои 22-24 июл як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва чанд тан аз сокинони тоҷику қирғиз захмӣ шуданд.

Сарони ду кишвар зимни вохӯрии ду рӯз баъд аз ин қазия дар Ворух ва Оқсой бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтугӯ карданд.

Зимнан зарурати идома додани раванди делимитатсияи сарҳади давлатӣ, пешгирӣ намудани рӯйдодҳои ногувори наздисарҳадӣ ва садди роҳи онҳо шудан, роҳ надодан ба эҷоди вазъияти иғвоангезона дар марзҳои наздисарҳадии ду кишвар, ҳамчунин аз ҷониби мақомоти давлатии тарафҳо ба таври доимӣ анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар мавриди ҳамзистии осоишта махсус таъкид гардид.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мондааст. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳо миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.