Баҳодур Усмонов дар даври 1/8 финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило бар намояндаи Туркия Туғрул Эрдемир дастболо шуда, ба даври 1/8 финалии мусобиқа роҳ ёфт. Ҳарифи навбатии ӯ қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017, дорандаи медалҳои нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2016 Софиан Умиа аз Фаронса […]

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило бар намояндаи Туркия Туғрул Эрдемир дастболо шуда, ба даври 1/8 финалии мусобиқа роҳ ёфт.

Ҳарифи навбатии ӯ қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017, дорандаи медалҳои нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2016 Софиан Умиа аз Фаронса аст, ки дар марҳилаи 1/16 финалӣ намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Кан Хен Бинуро бо ҳисоби 5 бар 0 мағлуб кард.

Қобили зикр аст, ки Баҳодур Усмонов дар қувваозмоии даври аввал муштзани Украина Александ Железнякро бо ҳисоби 5 бар 0 шикаст дод.

Мутаассифона, дар вазни то 81 кило намояндаи дигари Тоҷикистон Шаббос Неъматуллоев бо ҳисоби 2 бар 3 қувваозмоиро ба варзишгари Миср Абдураҳмон Арабӣ бохт. Шаббос акнун ба мусобиқаҳои интихобии олимпӣ омодагӣ мегирад.

Дигар намояндагони Тоҷикистон – Бахтовар Сагизов (вазни то 57 кило) ва Бахтиёр Мирзомуҳаммад (75 кило) дар даври аввали мусобиқа бо ҳисоби якхелаи 0 бар 5 мутаносибан аз муштзанони Марокаш ва Мексика шикаст хӯрданд.

Ҳамин тариқ, аз 4 намояндаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон дар Екатеринбург танҳо як нафар мусобиқаро дар давраи 1/8 финалӣ идома медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.