Парлумон ба ихтиёри чиниҳо додани кони бузурги нуқра дар ВМКБ-ро маъқул шуморид

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи ба ихтиёри ширкати «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Чин додани кони нуқраи “Якҷилва”-ро дар ВМКБ, ки моҳи июни соли равон ба имзо расида буд, маъқул шуморид. Имрӯз, 1-уми октябр дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар вакилон Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Каши Синюй Дади […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи ба ихтиёри ширкати «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Чин додани кони нуқраи “Якҷилва”-ро дар ВМКБ, ки моҳи июни соли равон ба имзо расида буд, маъқул шуморид.

Имрӯз, 1-уми октябр дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар вакилон Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Хитойро оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоби ВМКБ тасдиқ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар бораи чӣ миқдор сармоягузорӣ шудан ба кон ва дигар ҷузъиёти созишнома алҳол маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки ин санад моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳошияи кори форуми сармоягузорӣ дар шаҳри Кӯлоб ба имзо расида буд.

Кони нуқраи “Якҷилва” дар баландии беш аз 4,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҷойгир аст.

Бино ба маълумоти Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, захираи нуқра дар кони “Якҷилва” аз ҷониби Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳо тасдиқ шуда, 240 тоннаву 920 килоро ташкил медиҳад.

Чанд сол пеш он замон роҳбари Саридораи геология, феълан муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим изҳор дошта буд, ки таркиби нуқра дар як тонна маъдан дар “Якҷилва” метавонад аз “Кони Калони Мансур” – бузургтарин кони нуқра дар Осиёи Маразӣ бамаротиб зиёдтар бошад.

Ба гуфтаи геологҳои тоҷик, таркиби миёнаи нуқра дар 1 тонна маъдан 640 граммро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар “Кони Калони Мансур” ин нишондиҳанда ҳамагӣ ба 50 грамм таркиби нуқра баробар аст.

Аввалин маълумот дар бораи мавҷудияти чунин кон дар Мурғоб соли 1962 ба даст омада, солҳои 1984-1991 корҳои иктишофӣ ҷараён гирифтанд ва солҳои 2007-2013 аз ҷониби ширкати “С. А. MINERALS”-и Қазоқистон идома ёфтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.