Ду муштзанбонуи тоҷик ба даври навбатии Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфтанд

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон 2 варзишгари тоҷик бар рақибони худ пирӯз шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг намояндаи Кот д-Ивуар Марселат Сакобиро мағлуб карда, ба даври ҳаштякфиналӣ роҳ ёфт. Ӯ дар 1/8-финал бо варзишгари Бритониё Каррис Артингсталл қувваозмоӣ мекунад. Варзишгари дигари тоҷик Нилуфар […]

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон 2 варзишгари тоҷик бар рақибони худ пирӯз шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг намояндаи Кот д-Ивуар Марселат Сакобиро мағлуб карда, ба даври ҳаштякфиналӣ роҳ ёфт. Ӯ дар 1/8-финал бо варзишгари Бритониё Каррис Артингсталл қувваозмоӣ мекунад.

Варзишгари дигари тоҷик Нилуфар Бобоёрова дар вазни 64 кг бар намояндаи Алҷазоир Чаҳира Селмоунӣ дастболо шуда, ба даври чорякфиналӣ баромад. Ӯ рӯзи 10-уми октябр бар муқобили варзишгари рус Екатерина Динник ба ринг мебарояд.

Ду муштзанбонуи дигари тоҷик – Идимоҳ Холова аз варзишгари Ӯзбекистон Шаҳноза Юнусова ва Шоира Зулқайнарова аз варзишгари Венесуэлла Омайлин Алкала мағлуб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 13-уми октябр дар шаҳри Улан-Удеи Русия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа беш аз 300 варзишгари 75 давлат ширкат доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.