Тахриби пойгоҳи хати интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон

Аъзои гурӯҳи алҳол номаълуми мусаллаҳ дар ағбаи Саланг пойгоҳи хати интиқоли барқро тарконда,  интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба пойтахти Афғонистонро қатъ карданд.  Тавре хабаргузории афғонии Khaama Press иттилоъ медиҳад, субҳи чоршанбе ҷангиёни номаълум дастгоҳи таркандаро дар паҳлӯи пойгоҳ ба кор даровардаанд. Ширкати энергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat хабар медиҳад, ки таркиш ба пойгоҳи хати барқи 220 […]

Аъзои гурӯҳи алҳол номаълуми мусаллаҳ дар ағбаи Саланг пойгоҳи хати интиқоли барқро тарконда,  интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба пойтахти Афғонистонро қатъ карданд. 

Тавре хабаргузории афғонии Khaama Press иттилоъ медиҳад, субҳи чоршанбе ҷангиёни номаълум дастгоҳи таркандаро дар паҳлӯи пойгоҳ ба кор даровардаанд.

Ширкати энергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat хабар медиҳад, ки таркиш ба пойгоҳи хати барқи 220 кВ осеб расонида, ҷараёни таъмини Кобул ва дигар вилоятҳоро бо нерӯи барқ халаладор сохт. Айни замон корҳои таъмирӣ ҷиҳати барқарор кардани интиқоли барқ тавассути ин хат ҷараён доранд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти TOLOnews, тариқи ин хат аз Тоҷикистон ба вилоятҳои марказӣ ва ҷанубии Афғонистон барқ интиқол дода мешуд.

Ҳеҷ кадоме аз гурӯҳҳо то ҳол масъулияти ин амалро бар дӯш нагирифтааст.

Моҳи августи соли равон Тоҷикистон аз нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 тариқи ду хат (220 кВ ва 110 кВ) ба Афғонистон 270 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод.

Мувофиқи қарордоди миёни ширкатҳои энергетикии ду кишвар баимзорасида, соли равон ҳаҷми умумии содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод. Барои як киловатт нерӯи барқи Тоҷикистон кишвари ҳамсоя 4,1 сент маблағ пардохт мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.