39 медали варзишгарони тоҷик дар “Ҷоми кушоди Аврупо” оид ба Ушу

Дар мусобиқаи байнулмилалии “European Open Cup” (“Ҷоми кушоди Аврупо”) аз рӯйи намуди Ушу 10 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок карда, соҳиби 39 медал шуданд. “Ҷоми кушоди Аврупо” аз рӯйи намуди Ушу моҳи равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд. Дар ин қувваозмоӣ 59 даста аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, Олмон, Белгия, Латвия, Литва, Эстония, Италия, […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Дар мусобиқаи байнулмилалии “European Open Cup” (“Ҷоми кушоди Аврупо”) аз рӯйи намуди Ушу 10 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок карда, соҳиби 39 медал шуданд.

“Ҷоми кушоди Аврупо” аз рӯйи намуди Ушу моҳи равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд. Дар ин қувваозмоӣ 59 даста аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, Олмон, Белгия, Латвия, Литва, Эстония, Италия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар маҷмӯъ варзишгарони тоҷик соҳиби 4 ҷом, 16 медали тилло, 10 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ шуданд, ки ин яке аз дастовардҳои беҳтарин арзёбӣ мешавад.

“Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд варзишгарон Манзура Каримова, Муҳаммадхоҷа Аҳмадов, Аббос Ҷӯраев, Хадича Ҷалолова, Бишарифа Саидолимова, Рухшона Аҳурова, Нигина Ҷалолова, Фирӯза Баҳодурова ва Нозанин Хуршедзода тавонистанд маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, парчами Тоҷикистонро дар арсаи байнулмилалӣ баланд бардоранд”, – гуфт Мирзодалерхон Хуршедзода, сармураббии дастаи яккачини Ушу дар Тоҷикистон.

 

Ҳамчунин моҳи июни соли ҷорӣ 8 варзишгари вилояти Суғд дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи намуди Ушу, ки дар Чин доир гардид, ширкат варзида, 11 медал, аз ҷумла, 1 тилло, 1 нуқра ва 9 биринҷӣ ба даст оварданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. ​​​​​​​

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.