ВКХ: Миёни фавтидагон дар садамаи ҳавопаймои Қазоқистон тоҷикистониён нестанд

Миёни фавтидагон ва осебдидагони садамаи ҳавопаймо, ки субҳи барвақти имрӯз, 27-уми декабр дар фурудгоҳи Алмаато рух дод, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати итттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҳамин ҳол, Вазорати ҳолатаҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯйхати фавтидагони шахсияташон муайяншударо нашр кард. Алҳол ҳалокати 14 нафар маълум буда, шахсияти 7 нафарашон муайян карда […]

Миёни фавтидагон ва осебдидагони садамаи ҳавопаймо, ки субҳи барвақти имрӯз, 27-уми декабр дар фурудгоҳи Алмаато рух дод, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати итттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати ҳолатаҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯйхати фавтидагони шахсияташон муайяншударо нашр кард.

Алҳол ҳалокати 14 нафар маълум буда, шахсияти 7 нафарашон муайян карда шудааст. Тавре Tengrinews.kz хабар медиҳад, дар байни фавтидагон раиси Раёсати Шӯрои генералҳои Қазоқистон, генерал-майори адлия, корманди шоистаи ВКД-и Иттиҳоди Шӯравӣ Рустем Кайдаров зикр шудааст.

Ҳамчунин рӯйхати 23 нафар ҷабрдидагон нашр шуда, онҳо бо ҷароҳатҳои гуногуни шикастани узвҳои бадан дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд. Тибқи маълумоти КҲФ Қазоқистон, аснои ин садама 7 нафар кӯдакон низ осеб дидаанд.

Ҳавопаймои Bek Air бо 95 мусофир ва 5 нафар сарнишинон субҳи 27-уми декабр пас аз парвоз аз фурудгоҳи Алмаато баландиро аз даст дода, девори бетониро рахна кардааст ва ба бинои дуошёна бархӯрдааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.