Гузаргоҳи нав дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ифтитоҳ мешавад

Корҳои омодагӣ ба ифтитоҳи дидбонгоҳи нави назоратӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки шаҳри Истаравшани Тоҷикистонро бо ноҳияи Янгиободи Ӯзбекистон мепайвандад, босуръат ҷараён дорад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ин 18-умин дидбонгоҳи назоратӣ байни кишварҳо буда, дар давраҳои аввал он танҳо рӯзона фаъолият мекунад. Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон […]

Корҳои омодагӣ ба ифтитоҳи дидбонгоҳи нави назоратӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки шаҳри Истаравшани Тоҷикистонро бо ноҳияи Янгиободи Ӯзбекистон мепайвандад, босуръат ҷараён дорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ин 18-умин дидбонгоҳи назоратӣ байни кишварҳо буда, дар давраҳои аввал он танҳо рӯзона фаъолият мекунад.

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Аксари гузаргоҳҳо нимаи солҳои 2000-ум дар натиҷаи ба сардӣ гароидани муносибатҳои дуҷониба баста шуда, то аввали соли гузашта танҳо дутоаш: яке дар самти Турсунзода – Сариосиё ва дигаре дар самти Бӯстон – Бекобод фаъолият мекарданд.

Моҳи марти соли гузашта пеш аз сафари давлатии раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳамаи 16 гузаргоҳи сарҳадии байни давлатҳо пурра ба фаъолият оғоз карданд. Гузаргоҳи “Боботоғ” моҳи марти соли ҷорӣ боз шуда, Ҳисори Тоҷикистонро бо Узуни Ӯзбекистон пайваст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.