Ноҳияи Ҷомӣ: ҳалокати 2 ноболиғ зери чархи мошин дар 1 рӯз

Дар қаламрави ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон шабонарӯзи гузашта ду ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо кӯдакон ҳалок шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар яке аз ҳодисаҳо ронандаи мошини “Мерседес-Бенс” Салим Мирзошоеви 44-сола аз уҳдаи идоракунии воситаи нақлиёт набаромада, Разиаллоҳ Давлатёрови 3-соларо пахш кардааст. Кӯдак аз ҷароҳатҳои вазнин […]

Дар қаламрави ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон шабонарӯзи гузашта ду ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо кӯдакон ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар яке аз ҳодисаҳо ронандаи мошини “Мерседес-Бенс” Салим Мирзошоеви 44-сола аз уҳдаи идоракунии воситаи нақлиёт набаромада, Разиаллоҳ Давлатёрови 3-соларо пахш кардааст. Кӯдак аз ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Дар ҳолати дигар ронандаи мошини тамғаи “Опел Астра”, сокини маҳаллӣ Ҳоҷӣ Давлатзодаи 39-сола дар ҳолати мастӣ сари чанбарак пиёдагард Фирдавс Гулмуродови 16-соларо пахш кардааст. Ноболиғ дар роҳ ба бемористон ҳалок шудааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.