Имкони аз “Амонатбонк” гирифтани пулҳои тариқи “Золотая корона” интиқолёфта

Маблағҳое, ки аз аввали моҳи ноябр то 3-юми декабр тариқи низоми пардохти “Золотая корона” аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон фиристода шудаанд, дар воҳидҳои БДА “Амонатбонк” дода мешаванд. Тавре шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, гирифтани танҳо он маблағҳое имконпазир аст, ки аз 1-уми ноябр то 3-юми декабри соли равон фиристода шудаанд. Додани маблағ […]

Маблағҳое, ки аз аввали моҳи ноябр то 3-юми декабр тариқи низоми пардохти “Золотая корона” аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон фиристода шудаанд, дар воҳидҳои БДА “Амонатбонк” дода мешаванд.

Тавре шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, гирифтани танҳо он маблағҳое имконпазир аст, ки аз 1-уми ноябр то 3-юми декабри соли равон фиристода шудаанд.

Додани маблағ ба мизоҷон аз фардо, 28-уми декабр оғоз шуда, то 30-юми декабр идома меёбад.

Гуфта мешавад, дар ҳолати пайдо шудани суол ва ё мушкил шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои (44) 600 15 20, (44) 600 28 63 ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии БМТ муроҷиат намоянд.

Рӯзҳои 23-24 декабри ҳамин сол низ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки маблағҳои интиқолиашонро аз Тоҷикистон тавассути низоми “Золотая корона” фиристода буданд, имкони бозхонд кардани пули фиристодаро доштанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 3-юми декабр Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб оғоз бахшид.

Низоми пардохти “Золотая корона” пайваст шудан ба Маркази миллии протссесингиро рад карда, амали худро бо он асоснок намуд, ки ин тартиботи нав бар хилофи қонунгузории Русия аст.

Дар ҳамин ҳол, БМТ борҳо аз аҳолӣ даъват кард, ки пулҳои тариқи низоми “Золотая корона” фиристодаро бозхонд бикунанд ва аз истифодаи ин низом, ки бо тартиби пешина беш аз 80%-и ин бозорро дар даст дошт,  худдорӣ варзанд.

Айни замон интиқоли маблағ танҳо тавассути низомҳои “Юнистрим”, “Контакт” ва “Вестерн Юнион” имконпазир аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.