Майк Помпео вохӯрӣ бо вазирони кишварҳои Осиёи Марказиро мавқуф гузошт

Вохӯрии котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, бо роҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки бояд рӯзи 6-уми январ дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ – ИМА” («С5+1») дар Тошканд доир мегардид, ба вақти дертар мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз доираҳои дипломатии […]

Вохӯрии котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, бо роҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки бояд рӯзи 6-уми январ дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ – ИМА” («С5+1») дар Тошканд доир мегардид, ба вақти дертар мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз доираҳои дипломатии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Тавре хабаргузории CNN иттилоъ медиҳад, бинобар бетартибиҳои оммавӣ дар Бағдод ва ҳамла ба бинои сафоратхонаи ИМА дар он шаҳр сафарҳои расмии котиби давлатии ИМА ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Украина ва Кипр ба таъхир гузошта шуданд.

Дар изҳороти департаменти давлатӣ қайд мешавад, ки сафарҳо бояд аз 3 то 7 январ ҷараён мегирифтанд, лекин “бо сабаби зарурати дар Вашингтон будан, пайгирӣ кардани вазъ дар Ироқ ва таъмини амнияти амрикоиҳо дар Ховари Миёна”, онҳо ба вақти дигар гузаронида шуданд.

Котиби матбуотии департаменти давлатии ИМА Морган Ортагус изҳор доштааст, ки замони нави сафарҳо ояндаи наздик муайян карда мешавад.

Бетартибиҳои назди сафорати ИМА дар Бағдод 31-уми декабр оғоз шуда, рӯзи 1-уми январ идома ёфтанд. Эътирози мазкур посухест ба зарбаҳои ҳавоии ИМА ба пойгоҳҳои гурӯҳҳои шиамазҳаб дар Ироқу Сурия, ки бар асари ин ҳамлаҳо 25 нафар ҷон бохтанд.

Дар робита ба ҳамлаи сафорат, ИМА тасмим гирифтааст, ки ҳузури низомии худро дар Ховари Миёна пурзӯр кунад. Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки вазири дифои ИМА Марк Эспер гуфтааст, 750 нафар сарбозони иловагӣ ба минтақа сафарбар мешаванд.

Рӯзи 1-уми январи соли 2020 торнамои сафорат хабар дод, ки намояндагии дипломатӣ анҷоми тамоми амалиёти консулгариро қатъ ва ҳамаи мулоқоту вохӯриҳои пешбинишударо бекор кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.