Рӯнамои лифофаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 28-солагии равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Чин

Дар Осорхонаи Jin Tai Art-и шаҳри Пекин бо ибтикори сафорати Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Чин ва Бунёди сулҳ ва рушди Чин маросими рӯнамоии лифофаҳои ҷашнӣ, ки ба муносибати 28-солагии равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нашр шудаанд, доир гардид. Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ медиҳад, лифофаҳои ҷашниро Бунёди сулҳ ва рушди […]

Дар Осорхонаи Jin Tai Art-и шаҳри Пекин бо ибтикори сафорати Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Чин ва Бунёди сулҳ ва рушди Чин маросими рӯнамоии лифофаҳои ҷашнӣ, ки ба муносибати 28-солагии равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нашр шудаанд, доир гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ медиҳад, лифофаҳои ҷашниро Бунёди сулҳ ва рушди Чин ба муносибати рӯйдоди мазкур ба теъдоди 50 ҳазор дона нашр намуда, муаллифони мусаввараи рӯйи лифофаҳо “Рақс дар домони Помир” рассоми тоҷик Ғафур Ҷӯраев ва ҳамтои чинии ӯ Чэн Ҷян мебошанд. Дар он мусаввара гурӯҳи духтарони тоҷик дар тан либоси миллии чакан дар домони кӯҳҳои сарбафалаки Помир рӯйи чаман рақсу шодӣ доранд. Дар канори онҳо қуллаҳои барфпӯши кӯҳистон ва осмони нилгун ба назар мерасад.

“Асари офаридаи мусаввирони тоҷику чинӣ бозгӯйи он аст, ки халқҳои Тоҷикистону Чин бо ҳам дӯстони қарин буда, дар имтидоди Роҳи бузурги абрешим ҳамзистии осоишта доранд”, – зикр мешавад дар хабар.

Дар кунҷи дигари лифофаҳои ҷашнӣ тасвири “Пули тиллоии Роҳи абрешим” омадааст, ки ба қалами рассоми чинӣ Шу Юн тааллуқ дорад. Ба назари ӯ, ҳадаф аз тарҳ ва нашри лифофаҳои ҷашнӣ бунёди “пули фарҳангӣ” мебошад, ки Чинро бо дигар кишварҳои чаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон хоҳад пайваст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.