27-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо сафороӣ ҷашн гирифта мешавад

27-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо сафороии низомӣ ҷашн гирифта мешавад. Беш аз 7 ҳазор нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишвар рӯзи 23 феврал дар гузашти низомӣ иштирок мекунанд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, маросими сафороии ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳамчунин ба муносибати солгарди […]

27-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо сафороии низомӣ ҷашн гирифта мешавад.

Беш аз 7 ҳазор нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишвар рӯзи 23 феврал дар гузашти низомӣ иштирок мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, маросими сафороии ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҳамчунин ба муносибати солгарди навбатии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ дар тамоми шаҳру навоҳӣ чорабиниҳои идона баргузор мешаванд. Дар боғҳои пойтахт бо иштироки дастаҳои эҷодии Вазорати мудофиа консертҳо барпо мешаванд.

Рӯзи 23 феврал дар тамоми ҷузъу том, қисмҳои низомӣ ва гарнизонҳо сафороии тантанавӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ доир мегарданд.

23 феврал дар Тоҷикистон аз соли 1993 ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборатанд.

Тибқи нақшаи ҳукумат ва Вазорати мудофиаи кишвар, моҳи сентябри соли 2021 дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ гузашти низомии пуршукӯҳ доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...