КҲФ: дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон хатари тармафароӣ боқӣ мемонад

Рӯзҳои 21-22 январ дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма дар назар буда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои доманакӯҳ туману яхбандӣ ва пайдоиши қабати барф аз эҳтимол дур нест. Сарфи назар аз боридани барф, субҳи имрӯз ҳамаи роҳҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣ барои ҳаракати нақлиёт бозанд. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди […]

Рӯзҳои 21-22 январ дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма дар назар буда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои доманакӯҳ туману яхбандӣ ва пайдоиши қабати барф аз эҳтимол дур нест.

Сарфи назар аз боридани барф, субҳи имрӯз ҳамаи роҳҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣ барои ҳаракати нақлиёт бозанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон хатари тармафароӣ боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи ӯ, барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирон ва расонидани кумаки зарурии фаврӣ ба онҳо, қитъаҳои гуногуни роҳ аз ҷониби наҷотбахшони гурӯҳҳои зудамали КҲФ ва МГ Тоҷикистон мунтазам зери назорат қарор дорад.

Дар ин робита Кумита бори дигар аз аҳолӣ боисрор дархост мекунад, аз сафар тариқи роҳҳое, ки хавфи тармафароӣ дар онҳо вуҷуд дорад, худдорӣ варзанд ва ҳушёру боэҳтиёт бошанд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё ягон ҳодисаи нохуш дар роҳҳо, шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои навбатдори фаврии КҲФ муроҷиат кунанд: 93 880 28 19, 221 91 19 ва 223 13 11.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.