Дар Тоҷикистон беш аз 2 млн. тонна ангишт истихроҷ шуд

Соли 2019 дар Тоҷикистон беш аз 2 млн. тонна ангишт истихроҷ шуд, ки нисбат ба соли 2018 ба миқдори 121 ҳазор тонна зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ин нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи саноати ангишти кишвар мебошад. Гуфта мешавад, аз 18 корхонаи соҳа 11 корхона фаъолият карда, 7 корхона аз сабаби […]

Соли 2019 дар Тоҷикистон беш аз 2 млн. тонна ангишт истихроҷ шуд, ки нисбат ба соли 2018 ба миқдори 121 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ин нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи саноати ангишти кишвар мебошад.

Гуфта мешавад, аз 18 корхонаи соҳа 11 корхона фаъолият карда, 7 корхона аз сабаби тамдид нашудани муҳлати амали иҷозатнома давоми 5 соли охир истихроҷи ангиштро қатъ намуданд.

Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар корхонаҳои соҳа бо ҷалби техникаю таҷҳизотҳои ҳозиразамон тамоюли зиёдшавӣ дошта, 96,7 дарсади он ба 5 корхона, аз ҷумла, 43,9% ба КФ “Фон-Яғноб”, 20,3% ба ҶДММ “Талко-Ресурс”, 19,8% ба ДИА-и ҶДММ “КМТ”, 9,7% ба КФ “Зиддӣ” ва 3,1%, ба ҶСК “Ангишт”, ки дар рушди соҳа саҳми назаррас доранд, рост меояд.

Фурӯши ангишт дар ин давра 1 млн 960 ҳазор тонна, аз ҷумла, ба Маркази барқу гармидиҳӣ-2 шаҳри Душанбе  51,6%, корхонаҳои саноатӣ 31,3%, аҳолӣ 13,2%, муассисаҳои буҷетӣ 3,0%-ро ташкил дод.

Аз ҳаҷми умумии ангишти истихроҷшуда 0,9% ба хориҷи кишвар содирот шудааст: наздики 18 ҳазор тонна ба Покистону Ӯзбекистон интиқол гардидааст.

Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли охир ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон қариб 2,3 баробар – аз 870 ҳазор тонна дар соли 2014 то ба 2 млн. тонна дар соли 2019 афзуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.