Раисҷумҳур вазирони иқтисоду фарҳангро аз вазифа озод кард

Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳои худ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  Неъматулло Ҳикматуллозода ва вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзодаро аз вазифа озод кард. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, инчунин Зулфия Давлатзода вазири фарҳанги ҶТ таъин шуданд.  Неъматулло Ҳикматуллозода, ки аз соли 2015 вазир буд, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъин шудааст. […]

Asia-Plus

Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳои худ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  Неъматулло Ҳикматуллозода ва вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзодаро аз вазифа озод кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, инчунин Зулфия Давлатзода вазири фарҳанги ҶТ таъин шуданд. 

Неъматулло Ҳикматуллозода, ки аз соли 2015 вазир буд, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъин шудааст.

Завқӣ Завқизода аз соли 2017 муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон буд.

Ба ҷойи ӯ Ашурбой Солеҳзода муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ таъин шуд. Номбурда қаблан  дар вазифаи ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ фаъолият дошт.

Шамсиддин Орумбекзода аз соли 2013 вазири фарҳанг буд ва бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод карда шуд.

Вазири нави фарҳанг Зулфия Давлатзода қаблан муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.