Эҳтимоли аз иҷозатнома маҳрум шудани ширкати сохтмони мансуб ба Бег Зуҳуров

Прокуратураи шаҳри Душанбе қонунӣ будани сохтмони манзилҳоро дар қаламрави шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати “Комил-2020” месанҷад. “Аз рӯйи ин масъала сохторҳои дахлдор кор карда, ҳар як иншоот санҷида мешавад, лекин ин кори як рӯзу ду рӯз нест”, – хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҶТ Ҷамшед Аҳмадзода. Ба […]

Прокуратураи шаҳри Душанбе қонунӣ будани сохтмони манзилҳоро дар қаламрави шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати “Комил-2020” месанҷад.

“Аз рӯйи ин масъала сохторҳои дахлдор кор карда, ҳар як иншоот санҷида мешавад, лекин ин кори як рӯзу ду рӯз нест”, – хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҶТ Ҷамшед Аҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ, ширкат ба роҳ додани амалҳои ғайриқонунӣ дар бунёди манзилҳои баландошёна дар пойтахт ва шаҳри Кӯлоб гумонбар дониста мешавад.

“Камбудиҳои асосӣ дар оғози корҳои сохтмон бидуни гузаштан аз ташхиси давлатӣ, ҳамчунин бунёди ошёнаҳои иловагӣ, ки дар лоиҳа нестанд, ба мушоҳида мерасанд”, – иброз дошт раиси Кумита.

Ӯ қайд кард, ки дар робита ба сохтмони манзилҳои баландошёна дар Душанбе аз ҷониби ин ширкат Кумита бо мактуби расмӣ ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карда, он дар навбати худ ҳалли масъаларо бар дӯши прокуратураи шаҳр вогузошт.

“Мо раҳбарияти ширкатро огоҳ кардем, ки агар дар фурсатҳои кӯтоҳтарин камбудиҳо бартараф нашаванд, ширкат метавонад аз иҷозатнома маҳрум карда шавад”, – гуфт ӯ.

Таъкид шуд, ки бо сабаби санҷиш сохтмони ду хонаи баландошёна дар маҳаллаи Зарафшон ва маркази Душанбе боздошта шудааст.

Аҳмадзода илова кард, ки ҳамчунин сохтмони боз як бинои баландошёнаи ширкат дар шаҳри Кӯлоб мутаваққиф гардида, дигар иншоот низ санҷида мешаванд.

Тибқи маводи таҳқиқоти журналистӣ, ки соли гузашта дар ҳафтаномаи “Фараж” нашр шуд, ширкати “Комил-2010” ба номи Зуҳуров Сиёвуш – писари сардори Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.