COVID-19: Кумитаи рушди сайёҳӣ муваққатан худдорӣ аз ташкили сафарҳоро дархост мекунад

Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии кишвар бо дархости муваққатан худдорӣ варзидан аз ташкили сафарҳои сайёҳӣ муроҷиат кардааст. Дар мактуби ирсолкардаи Кумита ба ширкатҳои сайёҳӣ зикр мешавад, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як қатор давлатҳои дунё хуруҷи бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст. “Аз ин лиҳоз, […]

Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии кишвар бо дархости муваққатан худдорӣ варзидан аз ташкили сафарҳои сайёҳӣ муроҷиат кардааст.

Дар мактуби ирсолкардаи Кумита ба ширкатҳои сайёҳӣ зикр мешавад, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як қатор давлатҳои дунё хуруҷи бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

“Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем, ки то муътадил шудани вазъият аз ташкили саёҳати шаҳрвандони дохилию хориҷӣ муваққатан худдорӣ намоед”, – омадааст дар мактуб.

Дар хадамоти матбуоти Кумитаи рушди сайёҳӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки нома хусусияти тавсиявӣ дорад.

“Мо дархости муваққатан маҳдуд кардани ташкили саёҳатҳоро дархост намудем, то ки шаҳрвандонамонро аз сирояти коронавирус ҳифз кунем. Ҳамаи ин муваққатист. Бо муътадил шудани вазъият, онҳо метавонанд пурра ба фаъолият пардозанд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Кумита.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, чанде аз ширкатҳои сайёҳӣ аллакай аз пешниҳоди хизматрасониҳо ба мизоҷон даст кашиданд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар Тоҷикистон 202 ширкат ба хизматрасонии бахши сайёҳӣ машғуланд. Соли гузашта 1 млн 257 ҳазору 300 нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд, ки 21,6% аз нишондиҳандаи соли 2018 зиёдтар аст. Тибқи маълумоти Кумита, соли 2019 шаҳрвандони 146 кишвар ба Тоҷикистон омаданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.