Тазоҳургарони Бишкек ба “қасди ғасби ҳукумат аз роҳи хушунатомез” айбдор шуданд

Пулиси шаҳри Бишкек дар пайи тазоҳуроти ҷонибдорони сиёсатмадори зиндонӣ Содир Жапаров 166 нафарро боздошт кардааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, 162 нафари онҳо дертар озод ва 4 каси боқӣ ба ҳабс гирифта шудаанд. Дар робита ба бетартибии оммавӣ, ки тазоҳуроти ҷонибдорони Жапаров бо он анҷомид, тафтишот оғоз шудааст. Гуфта мешавад, Кумитаи амнияти миллии […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Пулиси шаҳри Бишкек дар пайи тазоҳуроти ҷонибдорони сиёсатмадори зиндонӣ Содир Жапаров 166 нафарро боздошт кардааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, 162 нафари онҳо дертар озод ва 4 каси боқӣ ба ҳабс гирифта шудаанд. Дар робита ба бетартибии оммавӣ, ки тазоҳуроти ҷонибдорони Жапаров бо он анҷомид, тафтишот оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки 3 март яке аз созмондиҳандагони тазоҳурот, вакили пешини порлумон Канибек Осмоналиев ва иштирокчии фаъол Д.А боздошт шудаанд. Онҳо ба "қасди ғасби ҳукумат аз роҳи хушунатомез" айбдор мешаванд.

Ба гуфтаи пулиси Бишкек, гӯиё дар натиҷаи тазоҳуроти ҷонибдорони Жапаров, ки ба бетартибии оммавӣ печид, 24 корманди пулис захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ҷонибдорони вакили пешини порлумони Қирғизистон Содир Жапаров 2 март бо талаби раҳоии вай аз зиндон дар майдони марказии шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Дар гирдиҳамоӣ на танҳо озодии Жапаров, балки ислоҳоти додгоҳӣ, қатъи таъқибҳои сиёсӣ, ҳалли масоили марзӣ, мушкили қарздорони бонкҳо низ талаб шуданд.

Ҳамчунин аз президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков хоста шуд, ки мавқеашро дар мавриди афви Содир Жапаров мушаххас кунад. "780 ҳазор одам талаби афви Жапаровро карданд", – гуфт яке аз ҷонибдорони сиёсатмадори зиндонии қирғиз.

Содир Жапаров соли 2018 барои ташкили гаравгонгирии раиси вилояти Иссиқкӯл Эмилбек Каптагаев дар соли 2013, 11,5 сол зиндонӣ шуд. Моҳи майи соли ҷорӣ вакилони мудофеи Жапаров аз додгоҳ хостанд, ӯро авф кунад, лекин додгоҳ ин дархостро рад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.