Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз, 3-юми март калиди коргоҳи дӯзандагӣ ва адрасбофии “Сомон”-ро ба соҳибкорзан Муқаддас Султонова супорид. Ин коргоҳ дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шудааст. Муқаддас Султонова соҳибкорзанест, ки рӯзи 14-уми октябри соли гузашта зимни мулоқоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони соҳаи саноат гуфта буд, […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз, 3-юми март калиди коргоҳи дӯзандагӣ ва адрасбофии “Сомон”-ро ба соҳибкорзан Муқаддас Султонова супорид. Ин коргоҳ дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шудааст.

Муқаддас Султонова соҳибкорзанест, ки рӯзи 14-уми октябри соли гузашта зимни мулоқоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони соҳаи саноат гуфта буд, як коргоҳи дӯзандагӣ таъсис доданист, то занону духтарони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин кунад. Аммо барои сохтмони бинои он имкони молӣ надорад. Президент ба раисони вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дастур дода буд, то барои ин бонуи соҳибкор шароит фароҳам оранд.

Корҳои сохтмонӣ моҳи ноябри соли гузашта бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба маблағи зиёда аз 450 ҳазор сомонӣ шурӯъ гардида, бинои дуқабата бо масоҳати умумии 280 метри мураббаъ бунёд шуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар коргоҳи “Сомон” 20 дастгоҳи дӯзандагӣ ва 10 дастгоҳи адрасбофӣ насб гардида, беш аз 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Ҳамчунин дар коргоҳ ҳунарҳои қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, попурӣ ва гулбаст роҳандозӣ гаштааст.

Раиси вилоят зикр кардааст, ки бино дорои шароити мусоид барои таъсиси то 50 ҷойи кори доимӣ барои бонувони ҳунарманд мебошад. Ӯ ба масъулон дастур додааст, ки дарсҳои амалии муассисаҳои таълимии маркази ноҳия аз фанни технология барои духтарон дар ин коргоҳ доир гарданд, то шумораи ҳарчи бештари ҷавондухтарон ҳунару таҷрибаомӯзӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.