Намозгузорӣ дар масҷидҳо барои пешгирии сирояти коронавирус манъ мешавад?

Ин шом имомхатиби масҷиди “Мир Саид Алии Ҳамадонӣ”, маъруф ба “Мехкалона” дар шаҳри Душанбе эълон кардааст, ки барои пешгирии эҳтимоли паҳншавии коронавирус, намозгузорон аз омадан ба масҷид худдорӣ кунанд. Аммо намояндаи Кумитаи дин мегӯяд, то ҳол чунин дастури расмӣ нест. Яке аз намозгузорон Шералӣ Давлатов ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки имомхатиб ин эълонро дар намози хуфтан ба мардум […]

Ин шом имомхатиби масҷиди “Мир Саид Алии Ҳамадонӣ”, маъруф ба “Мехкалона” дар шаҳри Душанбе эълон кардааст, ки барои пешгирии эҳтимоли паҳншавии коронавирус, намозгузорон аз омадан ба масҷид худдорӣ кунанд. Аммо намояндаи Кумитаи дин мегӯяд, то ҳол чунин дастури расмӣ нест.

Яке аз намозгузорон Шералӣ Давлатов ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки имомхатиб ин эълонро дар намози хуфтан ба мардум ироа кардааст.

“Имомхатиби масҷиди “Мехкалона” Ҳикматулло Ризоев дар намози хуфтан эълон кард, ки аз бомдоди рӯзи 4-уми март барои пешгирии эҳтимоли паҳншавии коронавирус, дари масҷидҳо дар шаҳри Душанбе муваққатан баста мешаванд ва намозгузорон аз омадан ба масҷид худдорӣ кунанд”, – гуфт Шералӣ Давлатов.

Аммо котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ Афшин Муқим ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки то ҳол чунин дастури расмӣ нест.

“Намоз дар масоҷид манъ нашудааст, овозаҳо асос надоранд. Шояд дар ҷое нофаҳмие шуда бошад, аммо дар ҳамаи масоҷиди кишвар намоз тибқи тартиб ҷараён мегирад”, – изҳор дошт Афшин Муқим.

Қобили зикр аст, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода рӯзи 2-юми март дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба ҷумҳурӣ гуфтааст, ки масъулин ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ: ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷид, тӯю маъракаҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.

Муовини сарвазир Ширин Исматуллозода дар ин ҷаласаи Ситод иброз дошт, ки то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.