Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои пурбориш ва хатари сел

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик ҳаво дар мамлакат тағйирёбандаву пурбориш мешавад. Дар бештари қисматҳо омадани сел, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест. КҲФ ба шаҳрвандон ва меҳмонон тавсия […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик ҳаво дар мамлакат тағйирёбандаву пурбориш мешавад. Дар бештари қисматҳо омадани сел, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

КҲФ ба шаҳрвандон ва меҳмонон тавсия намедиҳад, ки дар чунин рӯзҳо дар назди махзанҳои об бошанд ва ё машғул ба моҳигирӣ шаванд. Болоравии сатҳи об метавонад таҳдиде ба заминҳои кишти соҳил ва садду пулҳо бошад.

Кумита аз сокинон дархост кардааст: “Қабл аз вақт ҷӯйборҳову каналҳои наздики худро аз ҳар гуна хасу хасрӯба, сангу чӯбу лойқа тоза кунед, то оби боронҳои шадид бе мамониат ба ҳамон маҷро ҷорӣ шавад ва ба хонаву ҳавлӣ ва заминҳои шумо зарар нарасонад”.

Ҳамчунин аз сокинон хоҳиш шудааст, қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя карда, аз рафтан ба кӯҳҳо, ғунучини занбӯруғ ва дигар рустаниҳое, ки дар доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. “Дар ин рӯзҳо ҳаво кори чорвочарониро ҳам ба мушкил рӯ ба рӯ месозад ва хуб мешуд, муддате то беҳ шудани вазъ ва коҳиши боронҳо чорворо дар хона нигоҳ доред”, – омадааст дар хабари КҲФ.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш дар роҳҳои мошингард ва бахусус, роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сиёҳшиша доранд, хоҳиш кардааст, ҳаракатҳои шабонаро маҳдуд кунанд. Ҳамчунин дархост шудааст, қоидаҳои ҳаракати роҳ ва фосилаи байни мошинҳо дар рӯзҳои боронӣ, ки ҳаво ториктар аст, ҷиддан риоя шуда, ронандагон суръати ҳаракатро боло набаранд.

Кумита ба шахсоне, ки гирифтори бемориҳои фишорбаландӣ ва ё дилу раг мебошанд, тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо эҳтиёт кунанд ва доруҳои лозимро бо худ дошта бошанд.

Шаҳрвандон дар ҳоли рух додани ҳолати хатарнок ба шумораи телефони 112 ва рақами Қисми навбатдории Кумита 223 13 11 занг зада метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.