Суҳбати раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи коронавирус

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми март бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимнан масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарори гирифтанд. Сарони ду кишвар ба паҳншавии бесобиқаи коронавируси нав ва вазъи кунунии ҳассоси ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи ин зуҳороти хатарбор ба вуқӯъ пайвастааст, таваҷҷуҳи хосса […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми март бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимнан масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарори гирифтанд.

Сарони ду кишвар ба паҳншавии бесобиқаи коронавируси нав ва вазъи кунунии ҳассоси ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи ин зуҳороти хатарбор ба вуқӯъ пайвастааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Ба ин манзур зарурати идомаи ҳамкориҳои зич дар ҳалли масъалаҳои пешгирии паҳншавии фаромарзии ин бемории сироятӣ ва аҳаммияти ҳамоҳангии бештари талошҳои муштарак дар минтақа ба хотири роҳ надодан ба таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар, инчунин тақвият бахшидан ба ҳамдастиву дасгирии дохилиминтақавӣ таъкид гардид.

Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар ин ҷода роҳандозӣ кардани иқдомҳои муштарак бо ҳамаи кишварҳои минтақа иброз дошт.

Дар рафти суҳбат президентҳо ҳамчунин ҷанбаҳои мухталифи маъалаҳои рушду таҳкими муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Зимнан зарурати вусъат бахшидан ба фаъолияти Комиссияи муштарак ва гурӯҳҳои кории ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ махсус таъкид карда шуд.

Ёдовар мешавем, аз 24-уми март бо сабаби эълон гардидани ҳамагирии коронавирус COVID-19 ва вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон то ба эътидол омадани вазъият баста шуданд. То 29-уми март дар Қирғизистон 84 гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.