Дезинфексия ба ҷойи карантин. Омодасозии мактабҳои Тоҷикистон ба таҳсил

Дар арафаи оғози дарсҳои чоряки чаҳорум мактабҳои Душанберо “дезинфексия” карданд. Зимнан ба рӯйи фарш, мизу курсӣ ва ҷевонҳо маҳлули махсус пошиданд. “Маҳлулҳое, ки мо истифода мекунем, якчанд намуданд: аз ҷумла, инсектисидҳо – алмадез, инкрасепт, славин. Онҳо вирусу микроб ва бактерияҳои зарароварро нест мекунанд”, – гуфт яке аз масъулони безараргардонии мактабҳои пойтахт Фарҳод Ҷумъаев. Тавре ба […]

Asia-Plus

Дар арафаи оғози дарсҳои чоряки чаҳорум мактабҳои Душанберо “дезинфексия” карданд. Зимнан ба рӯйи фарш, мизу курсӣ ва ҷевонҳо маҳлули махсус пошиданд.

“Маҳлулҳое, ки мо истифода мекунем, якчанд намуданд: аз ҷумла, инсектисидҳо – алмадез, инкрасепт, славин. Онҳо вирусу микроб ва бактерияҳои зарароварро нест мекунанд”, – гуфт яке аз масъулони безараргардонии мактабҳои пойтахт Фарҳод Ҷумъаев.

Тавре ба “Азия-Плюс” дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ иттилоъ доданд, айни замон чунин “дезинфексия” дар дигар муассисаҳои иҷтимоӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ низ гузаронида мешавад.

Аз 1-уми апрел хонандагони мактабҳои кишвар пас аз таътили баҳорӣ дубора ба таҳсил шурӯъ мекунанд. Теъдоди умумии хонандагони мактабҳои Тоҷикистон қариб 2 миллион нафар буда, панҷяки онҳо дар шаҳри Душанбе мехонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.