Дар Тоҷикистон вохӯрӣ бо маҳбусон муваққатан манъ шудааст

Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус, дар тамоми маҳбасҳои Тоҷикистон вохӯриҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо маҳбусон манъ шудааст. Ҳамзамон қабули дастовезу хӯрокворие, ки наздикону хешовандони маҳбусон барои онҳо меоранд, иҷозат аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Мансурҷон Умаров хабар дод. “Дар Тоҷикистон, тавре шумо медонед, бемории коронавирус ба қайд гирифта […]

Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус, дар тамоми маҳбасҳои Тоҷикистон вохӯриҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо маҳбусон манъ шудааст. Ҳамзамон қабули дастовезу хӯрокворие, ки наздикону хешовандони маҳбусон барои онҳо меоранд, иҷозат аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Мансурҷон Умаров хабар дод.

“Дар Тоҷикистон, тавре шумо медонед, бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо бо мақсади пешгирӣ, дар асоси дастурҳои президент, дар Вазорати адлия нақша ва чорабиниҳои махсус таҳия карда шуданд, ки онҳо аз 31-уми март дар маҳбасҳо татбиқ карда мешаванд”, – гуфт Мансурҷон Умаров.

Вай афзуд, ки дар баробари чораҳои санитарӣ, дар байни маҳбусон корҳои фаҳмондадиҳӣ низ гузаронида мешаванд.

“Мо ниқобҳои махсуси тиббиро дар байни маҳбусон, сардорони штабҳо ва бригадаҳо омода ва тақсим кардем. Ҳар касе, ки ба муассисаҳои ислоҳӣ медарояд, дастони худро бо маҳлулҳои махсус коркард мекунад. Мо инчунин ба ҳама муассисаҳои ислоҳӣ асбобҳои ҳароратсанҷ (термометр) харида, тақсим кардем”, – гуфт Умаров.

Ба қавли ӯ, дар ҳар як боздоштгоҳи тафтишотӣ утоқҳои махсуси карантин ташкил шудааст, ки дастгиршудагон дар он ҷо 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то 30-юми марти соли равон дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.