Як духтари 16-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст

Аз дарёи Вахш ҷасади як духтари ноболиғ пайдо гардида, ба хешовандонаш супорида шуд. Рӯзи 30-юми март ба қисми навбатдории фаврии Шуъбаи КҲФ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хабар доданд, ки як духтари ноболиғ дар қисмати обанбори Сангтӯда-2 ғарқ шудааст. Ин ҳодиса субҳи 29-уми март ба вуқӯъ омадаасст. Дастаҳои махсуси зудамали наҷоти раёсати Кумита дар вилояти […]

Аз дарёи Вахш ҷасади як духтари ноболиғ пайдо гардида, ба хешовандонаш супорида шуд.

Рӯзи 30-юми март ба қисми навбатдории фаврии Шуъбаи КҲФ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хабар доданд, ки як духтари ноболиғ дар қисмати обанбори Сангтӯда-2 ғарқ шудааст. Ин ҳодиса субҳи 29-уми март ба вуқӯъ омадаасст.

Дастаҳои махсуси зудамали наҷоти раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва шуъбаи КҲФ дар минтақаи Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои ғаввосӣ ва давр задани атрофи минтақа тақрибан соати 13:20 ҷасади духтар дар чуқурии 15-20 метр пайдо ва ба мақомоти дахлдору хешовандонаш супорида шуд.

Маълум гардид, ки марҳум сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Данғара буда, ҳамагӣ 16 сол доштааст. Бино ба иттилои пешакӣ, ӯ дар наздикии обанбори Сангтӯда-2 бо сабабҳои номаълум ба об афтода, ғарқ шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои аниқ кардани ҳодиса тафтиш оғоз карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.