Андозбандии ширкатҳои оффшорӣ дар Тоҷикистон сангинтар мешавад

Дар лоиҳаи таҳияшудаи Кодекси андози ҷумҳурӣ дар таҳрири нав барои ширкатҳое, ки ба ин ё он гунае бо минтақаҳои оффшорӣ сарукор доранд, шарт ва қоидаҳои нави андозбандӣ пешбинӣ мешавад. Таҳиягарони лоиҳаи Кодекси нав ин тадбирҳоро “пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо бо истифода аз сабукии қонунгузории ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкатҳое, ки дар минтақаҳои оффшорӣ ба қайд […]

Дар лоиҳаи таҳияшудаи Кодекси андози ҷумҳурӣ дар таҳрири нав барои ширкатҳое, ки ба ин ё он гунае бо минтақаҳои оффшорӣ сарукор доранд, шарт ва қоидаҳои нави андозбандӣ пешбинӣ мешавад.

Таҳиягарони лоиҳаи Кодекси нав ин тадбирҳоро “пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо бо истифода аз сабукии қонунгузории ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкатҳое, ки дар минтақаҳои оффшорӣ ба қайд гирифта шудаанд” маънидод мекунанд.

Муайянсозии ин масъала, ки чӣ гуна шарт ва қоидаҳоро барои ширкатҳои оффшорӣ дар Кодекси нав пешбинӣ кардаанд, ҳанӯз ба “Азия-Плюс” муяссар нашудааст.

Мақомоти андози Тоҷикистон ба андозбандии ширкатҳое, ки ба ин ё он гунае бо ширкатҳои оффшорӣ робита доранд, аз 1-уми апрели соли 2015 шурӯъ кард.

Ба Кодекси андоз банде илова шуд, ки дар он мафҳуми “Минтақаи оффшорӣ” шарҳу тавзеҳ дода мешавад.

«Минтақаҳои оффшорӣ – давлатҳо ва (ё) ҳудуде, ки ба ғайрирезидентҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ) низоми имтиёзноки андозсупориро пешниҳод менамояд ва (ё) ошкор ва пешниҳоди маълумотро доир ба амалиёти бо маблағ ва дигар молу мулк гузаронидашуда пешбинӣ намекунад. Барои мақсадҳои андозбандӣ номгӯи минтақаҳои оффшориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори  муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории тероризм (Бонки миллии Тоҷикистон) муайян менамояд”.

Ғайр аз ин, тибқи тағйироти ба Кодекси андоз воридшуда, тартиби андозбандӣ ва маблағи андози корхонаҳои резидентие, ки бо корхонаҳои резидентии ҳиссаи (саҳми) иштирокчии минтақаи оффшорӣ дошта ва (ё) бо шахсони дар минтақаҳои оффшорӣ бақайдгирифташуда амалиёт (аҳд) анҷом додаанд, бо усули мустақим ё ғайримустақим, яъне дар асоси дороиҳо, муомилот, хароҷоти истеҳсолӣ, муқоиса бо андозсупорандаи шабеҳ, муоинаи хронометражӣ ва ғайра муайян карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.