БАОР сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бар асари коронавирус пешгӯйӣ мекунад

Дар гузориши макроиқтисодии Мудирияти умури таҳлилии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) оид ба Тоҷикистон қайд мешавад, ки ба рушди иқтисод оқибатҳои манфии хуруҷи коронавирус, ки ба коҳиши талаботи берунуа боис мегарданд, таъсири манфӣ мерасонанд. Гуфта мешавад, афзоиши хароҷоти буҷет ба соҳаи иҷтимоӣ ва зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол дар саноати металлургӣ ба рушди иқтисод мусоидат мекунанд. Дар гузориш […]

Дар гузориши макроиқтисодии Мудирияти умури таҳлилии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) оид ба Тоҷикистон қайд мешавад, ки ба рушди иқтисод оқибатҳои манфии хуруҷи коронавирус, ки ба коҳиши талаботи берунуа боис мегарданд, таъсири манфӣ мерасонанд.

Гуфта мешавад, афзоиши хароҷоти буҷет ба соҳаи иҷтимоӣ ва зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол дар саноати металлургӣ ба рушди иқтисод мусоидат мекунанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки соли 2019 рушди иқтисоди Тоҷикистон то 7,5% (соли 2018 – 7,3%) афзуд.

Таҳлилгарони бонк қайд мекунанд, ки талаботи зиёди истеъмолӣ, инчунин афзоиши истеҳсолот дар соҳаҳои комплекси кӯҳкориву металлургӣ ва бахши кишоварзӣ омилҳои асосии рушди иқтисод гардида буданд.

Зикр мешавад, ки зери таъсири болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ, сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои соли 2019 то ба 8% (дар соли 2018 – 5,4%) расид.

Тибқи пешгӯйии БАОР, поинравии арзиши барқ ва маҳсулоти ғизоӣ дар хориҷи кишвар ба нигоҳдории мизони таваррум дар наздикии фосилаи ҳадафноки (6+/-2%) дар солҳои 2020-2022 муоидат мекунад.

Корманди шуъбаи таҳлили иқтисодии БАОР Константин Федоров таъкид месозад, ки дар дурнамои миёнамуҳлат дар Тоҷикистон хавфҳои сустшавии фаъолнокии иқтисодӣ бар асари оқибатҳои хуруҷи коронавирус афзалият хоҳанд дошт.

Ӯ илова кардааст, ки номусоидии муҳити иқтисодӣ дар берун аз ҳудуди кишвар ба ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷа ва даромад аз содирот таъсири манфӣ мерасонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.