Ифтитоҳи толори нави фирмавии МегаФон Тоҷикистон дар Хуҷанд

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд толори нави фирмавӣ ифтитоҳ намуд. Он дар маҳаллаи 20-ум рӯ ба рӯи бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҷойгир мебошад. Ин аллакай нуқтаи дуюми фурӯшҳои оператор маҳсуб меёбад, ки дар маркази вилоят аз оғози соли ҷорӣ пайдо шуд, – толори якум дар к.Шарқ ҷойгир мебошад. Баҳри қулайгардонии […]

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд толори нави фирмавӣ ифтитоҳ намуд. Он дар маҳаллаи 20-ум рӯ ба рӯи бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҷойгир мебошад.

Ин аллакай нуқтаи дуюми фурӯшҳои оператор маҳсуб меёбад, ки дар маркази вилоят аз оғози соли ҷорӣ пайдо шуд, – толори якум дар к.Шарқ ҷойгир мебошад.

Баҳри қулайгардонии имкониятҳои муштариён ҳарду толор дар қисмҳои нисбатан сераҳолӣ кушода шудаанд. Ба мизоҷон доираи пурраи хизматрасониҳо, аз ҷумла хизматрасониҳо оид ба иваз ва барқароркунии SIM-кортҳо, танзимкунии гаҷетҳо ва дастгоҳҳои мобилӣ дастрас мебошанд.

Дар ояндаи наздик дар вилояти Суғд боз як толор дар ҳудуди истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, фурӯшгоҳҳо ва маконҳои маъмули истироҳат кушода мешавад. 

“Стратегияи пешниҳоди хизматрасониҳо дар маконҳое, ки муштариён ба онҳо нисбатан зиёдтар ҳозир мешаванд, самаранокии худро исбот намуд. Сатҳи қаноатмандии мизоҷон боло меравад, суръати ҳалли масъалаҳои онҳо низ баландтар мешавад. Ҳангоми инкишофи минбаъдаи соҳаи фурӯш мо чунин стратегияро асоси кори худ қарор медиҳем”, – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер Наимов. 

Толори нави фирмавӣ дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд мизоҷони худро аз рӯзи душанбе то шанбе аз соати 09:00 то 17:00 интизор аст. Якшанбе – рӯзи истироҳат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.