Дар ҷашнҳои Рӯзи Ғалаба ва Иди Рамазон тоҷикистониён 3-рӯзӣ истироҳат мекунанд

Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва ид – Рӯзи Ғалаба ва Иди Рамазон, моҳи май тоҷикистониён ба сурати умум 12 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ хабар дод. Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, […]

Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва ид – Рӯзи Ғалаба ва Иди Рамазон, моҳи май тоҷикистониён ба сурати умум 12 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ хабар дод.

Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад.

Аз ин рӯ, чун ҷашни Иди Ғалаба – 9 май имсол ба рӯзи шанбе рост меояд, рӯзи дигари баъд аз рӯзҳои истироҳат – душанбе низ рӯзи истироҳат аст.

Тибқи маълумоти Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Иди Рамазон имсол ба рӯзи якшанбе – 24 май рост меояд. Мутаносибан рӯзи 25 май – душанбе низ рӯзи истироҳат эълон мешавад.

Ба ин тариқ, ин моҳ шаҳрвнадони Тоҷикистон рӯзҳои 2, 3, 9, 10, 11, 16, 17, 23, 24, 25, 30 ва 31 май истироҳат мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.