Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 90% иҷро шуд

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба андозаи 90% иҷро шуд. Дар ду рӯзи аввали оғози маъракаи даъват комиссариатҳои ҳарбии ВМКБ, шаҳри Душанбе ва чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаро 100% иҷро карданд. Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Ориф Нозимиён хабар дод, ба сурати умум, иҷрои нақшаи […]

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба андозаи 90% иҷро шуд.

Дар ду рӯзи аввали оғози маъракаи даъват комиссариатҳои ҳарбии ВМКБ, шаҳри Душанбе ва чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаро 100% иҷро карданд.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Ориф Нозимиён хабар дод, ба сурати умум, иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ 80% ва дар вилояти Суғд 70%-ро ташкил медиҳад.

Нозимиён қайд кард, ки баъд аз ду моҳ наваскарон савганд ёд карда, айни замон дар қисмҳои низомии барои хизмат таъиншудаашон давраи таълимии зарурӣ мегузаранд.

Қобили зикр аст, ки маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 1-уми апрел оғоз шуда, 31-уми май ба анҷом мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.