Ба бонкҳои Тоҷикистон тамдиди муҳлати пардохти қарзи баъзе мизоҷон пешниҳод шуд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) оид ба пешгирии таъсири имконпазири пандемияи COVID-19 ба иқтисоди миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғурта Нақшаи чорабиниҳо таҳия кард. “Бо назардошти муҳиммияти масъала бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, пешгирӣ намудани зиёдшавии ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, нигоҳ доштани ҳолати пардохтпазирӣ ва ғайра БМТ Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии молиявиро бо мактуби худ вазифадор кард, […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) оид ба пешгирии таъсири имконпазири пандемияи COVID-19 ба иқтисоди миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғурта Нақшаи чорабиниҳо таҳия кард.

“Бо назардошти муҳиммияти масъала бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, пешгирӣ намудани зиёдшавии ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, нигоҳ доштани ҳолати пардохтпазирӣ ва ғайра БМТ Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии молиявиро бо мактуби худ вазифадор кард, ки нақшаи чорабинии дахлдор омода намуда, ҷараёни иҷроиши онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд”, – хабар медиҳад шуъбаи матбуоти БМТ.

Гуфта мешавад, тибқи нақша-чорабиниҳои пешниҳодкардаи ташкилотҳои қарзӣ, айни ҳол ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба имкониятҳои ҷойдоштаи худ бо назардошти ҳолати молиявии муштариён қисми қарзҳои онҳоро тамдид ва таҷдид намуда, барои баъзе қарздороне, ки ҳолати молиявии мушкил доранд, муҳлатҳои имтиёзнок пешниҳод намуда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол, маълумот дода нашудааст, ки бояд кадом ҳолат “вазъияти молиявии мушкил” ҳисобида шавад.

Дар БМТ бар ин назаранд, ки ҷорӣ кардани ҳолатҳои карантинӣ дар мамлакатҳои шарикони стратегӣ, баста шудани сарҳадҳо ва давомёбии чунин ҳолатҳо метавонад хафвҳои эҳтимолиро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкии кишвар баланд бардошта, фаъолияти самараноки низоми бонкии кишварро халалдор кунад.

Дар доираи ин тадбирҳо Бонки миллӣ ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ аз 1 майи соли 2020 меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ паст карда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона муқаррар кард.

Ғайр аз ин, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки бо назардошти таъмин кардани ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ то 1 августи соли 2020 фаъолияти марказҳои хизматрасониҳои бонкии муаммодор ва зараровари худро муваққатан мавқуф гузоранд.

Дар баробари ин, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати зиёд кардани қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсолоти воридотивазкунанда бо назардошти пешгирии хавфҳои бонкӣ, тавсияҳои дахлдор дода шуд.

Дар маълумоти БМТ қайд мешавад, ки барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар бонк ситод ташкил шудааст.

Дар доираи кори он ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати ҳифзи саломатии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии вируси сироятии COVID-19 чораҳои дахлдор андешида, лавозимоти санитарӣ-гигиениро дар ташкилотҳои худ таъмин кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.