Бунёди бемористони туҳфакардаи Ӯзбекистон дар Душанбе

Субҳи имрӯз 144 контейнери мобилии тиббӣ, ки барои ҷойгиркунӣ ва муолиҷаи беморони коронавирус пешбинӣ шудаанд, бо қатора аз Ӯзбекистон ба Душанбе оварда шуданд. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 7-уми май ба ҳукумат дастур дод, ки ин контейнерҳо ба сифати кумаки башардӯстона таъҷилан ба Тоҷикистон фиристода шаванд. Чунин контейнерҳо ба сифати беморхона дар давраи пандемияи коронавирус […]

Субҳи имрӯз 144 контейнери мобилии тиббӣ, ки барои ҷойгиркунӣ ва муолиҷаи беморони коронавирус пешбинӣ шудаанд, бо қатора аз Ӯзбекистон ба Душанбе оварда шуданд. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 7-уми май ба ҳукумат дастур дод, ки ин контейнерҳо ба сифати кумаки башардӯстона таъҷилан ба Тоҷикистон фиристода шаванд.

Чунин контейнерҳо ба сифати беморхона дар давраи пандемияи коронавирус истифода шуда, сарбории беморхонаҳоеро, ки барои қабули беморон ҷой надоранд, кам мекунанд.

Контейнерҳо бо кату ҷиҳози хоб, ҳаммом, ҷойи шустушӯву обу корез ва кондитсионерҳо муҷаҳҳазанд. Аз ин контейнерҳо дар варзишгоҳи “Бофанда” (собиқ “Текстилшик”, рӯ ба рӯйи корхонаи нассоҷӣ) дармонгоҳи сайёр сохта мешавад.

Ин нахустин нашри бахши нави мо – “Навбатдор дар шаҳр” аст. Хабарнигори моро пайгирӣ кунед ва аз рӯйдодҳои пойтахт огоҳ шавед.

Аксҳо аз ҷараёни оғози кори сохтмони дармонгоҳи сайёр

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.