Соҳибкори суғдӣ кабинаи безараргардонӣ сохта, ба туҳфаи ҳар сеюми он омода аст

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ соҳибкорон ба сохтани кабинаҳои безараргардонӣ (дезинфексионӣ) оғоз карданд, ки аз онҳо метавон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бемористону мактабҳо ва фурӯшгоҳу корхонаҳо истифода кард. Фазлидддин Аҳмадов, роҳбари корхонаи “Файз” дар Хуҷанд ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки барои ба истеҳсол мондани ин дастгоҳҳо онҳо айни замон аз Вазорати тандурустӣ иҷозатномаро интизоранд. Онҳо барои беморхонаҳо […]

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ соҳибкорон ба сохтани кабинаҳои безараргардонӣ (дезинфексионӣ) оғоз карданд, ки аз онҳо метавон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бемористону мактабҳо ва фурӯшгоҳу корхонаҳо истифода кард.

Фазлидддин Аҳмадов, роҳбари корхонаи “Файз” дар Хуҷанд ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки барои ба истеҳсол мондани ин дастгоҳҳо онҳо айни замон аз Вазорати тандурустӣ иҷозатномаро интизоранд.

Онҳо барои беморхонаҳо лозиманд

“Дастгоҳи мо барои беморхонаву бозор, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ғайра лозим аст. Табибони мо бо ин вирус мубориза бурда, паҳлӯи беморон доимо дар тамос қарор доранд. Ҳарчанд корҷомаи муҳофизатӣ дошта бошанд ҳам, безараргардонии либос зарур мешавад. Зеро дар вақти кашидани либос ҳам хатари сироятёбӣ вуҷуд дорад”, – мегӯяд Аҳмадов.

Ба гуфтаи соҳибкор, чанд моҳ пеш вақте коронавирус тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, онҳо тасмим гирифтанд, ки чунин дастгоҳ месозанд:

“Дидем, ки дар Ухан ва дигар шаҳрҳои Чин чунин дастгоҳҳо насб шуда, одамон бо ёрии онҳо либосашоно безарар мегардонанд”.

Безараргардонӣ ба таври автоматӣ ҷараён мегирад

Онҳо ду навъи кабинаҳоро сохтаанд, ки гаронаш 5 ҳазор сомонӣ ва арзонаш 1,5 ҳазор сомонӣ нарх дорад.

“Ҳангоме ки шахс ба дохили кабина медарояд, он ба таври автматӣ ба кор даромада, безараргардонӣ оғоз мешавад. Пас аз ин шумо бе ҳарос ба хона рафта, фарзандонатонро ба оғӯш гирифа метавонед, – мегӯяд Аҳмадов. – Дар як вақти кор ин дастгоҳ 100 касро безарар гардонида метавонад. Баъд аз ин онро боз бо маҳлул (зарфи 30-литра) пур кардан лозим аст. Маҳлул ҳам дар ҳамин корхона фурӯхта мешавад”.

Ҳамеша ба ҳамкорӣ омодаем

Кабинаҳои безараргардонӣ дар Хуҷанд истеҳсол мешаванд, аммо ширкати “Файз” омодаи ҳамкорӣ бо шахсонест, ки ин гуна дастгоҳро дар дигар шаҳру навоҳии кишвар истеҳсол карданиянд.

“Агар интиқоли дастгоҳ аз Хуҷанд ба ВМКБ ё вилояти Хатлон душвор афтад, мо ба ҳамкорӣ бо соҳибкорон аз ин минтақаҳо омодаем. Мо бо қисмҳои эҳтиётӣ ёрӣ расонида, тарҳи дастгоҳҳоро пешниҳод мекунем, то ки онҳо мустақилона истеҳсоли онро дар минтақаҳои худ ба роҳ монанд”, – қайд кард Аҳмадов.

Ба гуфтаи истеҳсолгарон, зимни фурӯши 2 кабина, онҳо омодаанд, сеюмашро аз номи худ ба бемористону муассисаҳои тиббӣ, ки аз ҳама бештар ба чунин дастгоҳҳо ниёз доранд, ройгон тақдим кунанд.

Ба қавли Аҳмадов, ширкати ӯ ҳамчунин рӯйи сохтани дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо кор бурда истодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.