Ҳукумати Ҷопон баҳри мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон 57 млн сомонӣ ҷудо кард

Дар посух ба дархостҳои ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва вокуниш ба COVID-19 кӯмак расонид. Имрӯз, 19 июни соли 2020 маросими Мубодилаи Ёддоштҳо оиди "Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ" байни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ҷаноби Такаюки МИЯШИТА ва Вазири корҳои […]

Дар посух ба дархостҳои ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва вокуниш ба COVID-19 кӯмак расонид.

Имрӯз, 19 июни соли 2020 маросими Мубодилаи Ёддоштҳо оиди "Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ" байни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ҷаноби Такаюки МИЯШИТА ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ҷаноби Сироҷиддин МУҲРИДДИН баргузор гардид.

Ҳукумати Ҷопон барои татбиқи лоиҳаи мазкур ба Ҳукумати Тоҷикистон 600 миллион иенаи ҷопонӣ (тақрибан 57 миллион сомонӣ) ҷудо менамояд. Ин лоиҳа иқтидори муассисаҳои тиббии Тоҷикистонро бо таъмин намудани таҷҳизоти пешқадами тиббӣ барои ташхис ва табобати беморони дорои COVID-19 такмил хохад дод.

Таҷҳизот аз дастгоҳҳои рентгении сайёр барои беморон дар шӯъбаҳои эҳёгарӣ, дастгоҳҳои таҳлили (анализатор) газҳои хун барои чен кардани сатҳи оксиген, генератори оксиген, ҳуҷраи фишори манфӣ барои нигоҳ доштани беморони сироятшуда ва ғайра иборат мебошад. Таҷҳизоти нав ба аҳолии Тоҷикистон хидматрасонии беҳтари тиббиро бо қобилиятҳои мукаммалшудаи кормандони тибби тоҷик таъмин менамояд.

Ҳукумати Ҷопон ҳамеша афзалияти баландро ба бахши иҷтимоии Тоҷикистон дар доираи барномаи Кӯмаки Расмии Ҷопон барои Рушд медихад. Саҳми он дар ин замон як иловаи хоксорона барои тамоми кӯшишҳо дар дастгири намудани бахши ниёзманди иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дастгирии худро барои эҷоди ҷомеаи беҳтар барои тамоми мардум идома диҳад ва омода аст, ки бо мардуми Тоҷикистон якҷоя кор намояд.

Ҳамкориҳои Ҷопон ва Тоҷикистон дар бисёр самтҳо рушд мекунанд. То имрӯз, бисёр лоиҳаҳо, хусусан дар соҳаи инфрасохтор ва рушди деҳот, мунтазам татбиқ шуда истодаанд. Дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ, Ҷопон аз соли 1996 инҷониб ба маблағи 35,2 миллиард иен (тақрибан 330 миллион доллари ИМА) кӯмаки бебозгашт расонидааст. Бо оғози лоиҳаи дар боло зикршуда, барномаи Кӯмаки Расмии Ҷопон барои Рушд бештар суръат дода хоҳад шуд. Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи барномаи Кӯмаки Расмии Ҷопон лутфан ба саҳифа назар афканед https://www.mofa.go.jp/policy/oda/index.html.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.