Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 50 автомашина дармондаанд

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Русия, ки пас аз баста шудани роҳи заминӣ байни давлатҳо аз ҳудуди Тоҷикистон баромада наметавонанд, чор шабонарӯз инҷониб дар сарҳади назди постгоҳи назоратии “Ойбек” қарор доранд. Рӯзи 15 июн наздики 15 автомобил бо рақамҳои русиягӣ ба ин ҷо омаданд, лекин имрӯз шумори онҳо аллакай ба 50 адад  ва шумори мусофирони онҳо ба […]

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Русия, ки пас аз баста шудани роҳи заминӣ байни давлатҳо аз ҳудуди Тоҷикистон баромада наметавонанд, чор шабонарӯз инҷониб дар сарҳади назди постгоҳи назоратии “Ойбек” қарор доранд.

Рӯзи 15 июн наздики 15 автомобил бо рақамҳои русиягӣ ба ин ҷо омаданд, лекин имрӯз шумори онҳо аллакай ба 50 адад  ва шумори мусофирони онҳо ба зиёда аз 100 нафар расида, миёни онҳо кӯдакон низ ҳузур доранд. Аз минтақаҳои ҷануби кишвар низ мошинҳо омада истодаанд.

Одамон аз ҳукумат дархост доранд, ки “долони сабз” ташкил кунад, лекин то замоне, ки масъала баррасӣ мешавад, онҳо дар сарҳад боқӣ мемонанд: шабро дар мошинҳо рӯз карда, барои шустушӯву ҳаммом шароит надоранд ва аз гармӣ азият мекашанд.

Ҳозир танҳо тариқи роҳи ҳавоӣ бо сабт дар портали хизматрасониҳои давлатӣ то ба хона расидан имконпазир аст. Чунин хатсайрҳои ҳавоӣ ба Маскав, Екатеринбург, Сургут, Новосибирск, Красноярск ташкил карда шуданд.

Лекин бо сабаби гарониии билетҳо, на ҳамаи ин ҷо будагон ба харидани он имкон доранд: бархе бо аҳли оилаашон ба ватан омадаанд. Дар ҳамин ҳол, автомашинаи шахсиро ҳам дар ин ҷо мондан ғайриимкон аст.

Одамони дар сарҳад ҷамъомада ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд. Ғайр аз ин, сокинони деҳоти наздик низ кумак мекунанд.

Ба гуфтаи Алекс, яке аз бошандагони ин ҷо, ҳоло касе дархост накардааст, ки онҳо ин ҷоро тарк кунанд. Мошинҳои дар канори роҳ таваққуфкарда ба ҳаракати нақлиёти боркаш халал намерасонанд. Ғайр аз ин, одамони дар ин ҷо дармонда қаламрави ҷойи ҳузурашонро тоза нигоҳ медоранд.

… Ҳукумати Тоҷикистон, консулгарии Русия дар Хуҷанд ва сафорати Русия расман чӣ гуна ҳал шудани ин масъаларо шарҳ намедиҳанд. Қаблан зикр гардида буд, ки Консулгарии генералӣ ва Сафорат аз ин вазъият огаҳ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.