Чаро роҳбари Раёсати молияи Кӯлоб ба истеъфо рафт?

Сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Раҳмон Одинаев рӯзи 17 июн аз мақомаш истеъфо дод. Мо аз ӯ сабабашро пурсидем. “Тӯли ин қадар сол аз кор хаста шудам”, – гуфт Одинаев ба “Азия-Плюс” тариқи телефон. – Бигӯед, худкушии Зариф Абдуллоев, ки назди бинои муасссаи шумо барои қарзашро надодани раёсат худро оташ зад, ба қарори шумо таъсир […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Раҳмон Одинаев рӯзи 17 июн аз мақомаш истеъфо дод. Мо аз ӯ сабабашро пурсидем.

“Тӯли ин қадар сол аз кор хаста шудам”, – гуфт Одинаев ба “Азия-Плюс” тариқи телефон.

– Бигӯед, худкушии Зариф Абдуллоев, ки назди бинои муасссаи шумо барои қарзашро надодани раёсат худро оташ зад, ба қарори шумо таъсир дорад?

– Ба ин ҳодиса мустақиман вобаста нест. Лекин баъди ин ҳодиса худро нороҳат ҳис карда, тасмим гирифтам, ки аз кор истироҳат мекунам.

– Шояд аз ҷониби раҳбарият фишор вуҷуд дошт?

– Не, ҳеҷ гуна фишоре набуд.

Дар ҳамин ҳол, дар Раёсати молия қайд карданд, ки Раҳмон Одинаев яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи молияи вилоят мебошад.

“Дар ин низом ӯ 36 сол инҷониб кор мекунад. Мутаассифона, ҳозир қурбони ҳодиса шуд, чизе бешу кам не”, – гуфт ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ин раёсат.

Ёдрас мекунем, ки сокини шаҳри Кӯлоб Зариф Абдуллоев рӯзи 6 июн назди бинои Раёсати молияи шаҳр худро оташ зада, рӯзи 8 июн аз захмҳои сӯхтаи гирифта дар баданаш дар бемористон ҳалок шуд.

Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дод, ки Зариф Абдуллоев бо чанде аз боғчаҳои бачагонаи шаҳри Кӯлоб ҳамкорӣ доштааст ва онҳоро бо маводи ғизоӣ таъмин мекардааст. Раёсати молияи Кӯлоб ба ӯ ваъда додааст, ки аз ҳисоби худаш боғчаҳоро бо маводи ғизоӣ таъмин кунад ва баъдан маблағи ӯро пардохт хоҳанд кард. Вале Зариф Абдуллоев натавонистааст маблағи қарзашро бигирад.

Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Назарзода сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ин ҳодисаро шарҳ дода изҳор дошт, ки Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб бо марҳум Зариф Абдуллоев ҳеҷ муносибате надоштааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин корхона воқеъан бо чанд боғчаи бачагонаи шаҳри Кӯлоб дар асоси шартномаи дутарафа ҳамкорӣ доштааст. Мувофиқи маълумотҳо ин коргоҳи нонпазӣ дар соли 2018 ба маблағи 57 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2019 ба маблағи 142 ҳазор сомонӣ ба боғчаҳо хидмат расондааст.

“Вале аз аввали соли равон қисме аз боғчаҳои бачагона аз хизматрасонии ин коргоҳ даст кашидаанд. Қарзи боғчаҳои бачагона дар назди коргоҳ ҳамаги 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва ин ҳам аз солҳои пеш аст”, – иброз дошт ӯ.

Лекин дар робита бо он, ки тайи чанд моҳи охир ин муассисаҳо бо сабабҳои ба ҳама маълум фаъолият надоштанд, байни ҷонибҳо созиш ҳосил шуда буд, ки қарзи монда давра ба давра пардохт мешавад.

Номбурда ҳамчунин қайд карда буд, ки Зариф Абдуллоев як рӯз пеш назди сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб омада, ваъдаи баррасии мушкилиро гирифта будааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.