Манбаъ: “Ҳайкалҳо дар майдони Айнӣ иваз намешаванд”

Раҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бо ташаббуси худ лоиҳаи навсозии майдони ба номи Садриддин Айниро дар пойтахт фармоиш додааст. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, лоиҳа барои тасдиқ ба президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда, сарвари давлат онро дастгирӣ кардааст. Ба иттилои манбаъ, дар доираи корҳои таъмиру навсозӣ ороиш (дизайн), фаввораҳо, пиёдароҳҳо ва […]

Раҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бо ташаббуси худ лоиҳаи навсозии майдони ба номи Садриддин Айниро дар пойтахт фармоиш додааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, лоиҳа барои тасдиқ ба президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда, сарвари давлат онро дастгирӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи корҳои таъмиру навсозӣ ороиш (дизайн), фаввораҳо, пиёдароҳҳо ва мавзеи сабзазори майдон тағйир дода мешавад.

Ғайр аз ин, гузаргоҳи зеризаминие, ки майдонро бо бинои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (собиқ бинои Осорхонаи милии Тоҷикистон) пайваст мекунад, навсозӣ мешавад.

“Ҷойи ҳайкалҳо дар майдон мисли пешина боқӣ монда, онҳо бо навашон иваз намешаванд ва дигар ҳайкалҳои нав ҳам дар майдон гузошта намешаванд”, – қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки ҳамаи хароҷоти корҳои таъмиру навсозии майдони мазкурро КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба дӯш гирифтааст.

Майдон соли 1978 ба ифтихори таҷлили ҷашни 100-солагии Садриддин Айнӣ – асосгузори адабиёти муосири тоҷик ифтитоҳ шуд. Дар атрофи муҷассамаи Айнӣ ҳайкалу нимпайкараҳои қаҳрамонони асарҳои ӯ қомат афрохтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.