Дар корхонаи “Оби зулол” президент ду хати нави технологӣ боз кард

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз ҶСП “Оби Зулол” дар Истаравшан боздид намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбути сарвари давлат, дар ин ҷо ӯ ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, афшураву шарбат ва ғизои кӯдакона бо шаҳду шарбатҳо ва мураббои мевагиро боз кард. Дар деҳаи Далёни поёни […]

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз ҶСП “Оби Зулол” дар Истаравшан боздид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбути сарвари давлат, дар ин ҷо ӯ ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, афшураву шарбат ва ғизои кӯдакона бо шаҳду шарбатҳо ва мураббои мевагиро боз кард.

Дар деҳаи Далёни поёни ноҳияи Деваштич Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳи рамзӣ Беморхонаи ноҳиявии №5-ро, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин аст, ифтитоҳ намуд.

Беморхонаи мазкур дорои 4 ошёна буда, аз шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ бо маҷмӯи гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, утоқи хатнаи кӯдакон, касалиҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона иборат мебошад.

Дар деҳаи Далёни болои ин ноҳия сарвари давлат аз хоҷагии деҳқонии “Шердил” боздид намуда, бо намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонон шинос шуд.

Сафари кории сарвари давлат ба вилояти Суғд идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.