Сафорат: “Барои тоҷикистониёни аз Русия хориҷшуда хатсайри махсус ташкил мешавад”

Шаҳрвандоне, ки дар таваққуфгоҳи Мордовия қарор доранд, бо хатсайрҳои чартерӣ бароварда намешаванд. Барои онҳо ва дигар шаҳрвандони Тоҷкистон, ки дар қабулгоҳҳои махсуси Русия нигаҳдорӣ мешаванд, хатсайри махсус ташкил хоҳад шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд. “Аз вазъияти гуруснанишинӣ эълон кардани шаҳрвандонамон дар таваққуфгоҳи Мордовия воқиф ҳастем. Кӯшиш дорем, […]

Шаҳрвандоне, ки дар таваққуфгоҳи Мордовия қарор доранд, бо хатсайрҳои чартерӣ бароварда намешаванд.

Барои онҳо ва дигар шаҳрвандони Тоҷкистон, ки дар қабулгоҳҳои махсуси Русия нигаҳдорӣ мешаванд, хатсайри махсус ташкил хоҳад шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

“Аз вазъияти гуруснанишинӣ эълон кардани шаҳрвандонамон дар таваққуфгоҳи Мордовия воқиф ҳастем. Кӯшиш дорем, ки барои аз таваққуфгоҳҳои Русия баровардани шаҳрвандонамон аз ҳукумати ин кишвар иҷоза гирем”, – гуфтанд дар сафорат.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон бо баррасии масъалаи баровардани онҳо, айни замон доир ба шаҳрвандони кишвар, ки дар таваққуфгоҳҳои муваққатӣ (изолятор) қарор доранд, маълумот ҷамъоварӣ мешавад.

“Доир ба ҳамаи шаҳрвандонамон, ки дар ин гуна таваққуфгоҳҳои муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд, маълумот ҷамъ оварданием, – қайд карданд дар сафорат. – Сипас мисли пешина барои онҳо хатсайри махсус ташкил карданием”.

Дар Мордовия 24 шаҳрванди Тоҷикистон, ки пас аз озодӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ дубора ба таваққуфгоҳҳо оварда шуданд, гуруснанишинӣ эълон карданд.

Моҳи апрел муҳлати ҷазои онҳо ба охир расида, бояд хориҷ мешуданд. Аммо бо сабаби баста будани сарҳад бар асари пандемия, онҳоро ба хонаҳояшон фиристода натавонистанд ва дубора дар таваққуфгоҳҳо ҷой карданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар шаҳри Тулаи Русия як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик баъди раҳо шудан аз зиндон бояд ба Тоҷикистон фиристода мешуданд, аммо бинобар баста будани марзҳо ва қатъи парвози ҳавопаймоҳо моҳҳо боз дар боздоштгоҳи Тула дармондаанд.

Моҳи май бо як қатор парвозҳои чартерӣ шаҳрвандони Тоҷикистон аз қабулгоҳҳои махсуси Русия ба ватан баргардонида шуданд. Ахиран бо хатсайри ширкати «Уральские авиалинии» 55 шаҳрванди аз қаламрави Русия хориҷшудаи Тоҷикистон аз марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск, Курган ва Тюмен ба ватан оварда шуданд.

Ҳукумати Русия дар бораи шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар таваққуфгоҳҳо қарор дошта, чандин моҳ инҷониб ихроҷро мунтазиранд, иттилоъ намедиҳад. Тибқи маълумоти омории ахир, айни замон наздики 7 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.