Бонки Эсхата бори шашум ба ҷоизаи «Фаъолтарин бонк-эмитент дар Тоҷикистон» соҳиб шуд

«Бо ҷоизаи «Фаъолтарин бонк-эмитент дар Тоҷикистон барои соли 2019» муборакбод мегӯям. Мутаасифона, аз сабаби COVID19 мо натавонистем ҷоизаро шахсан ба Шумо супорида бошем, аммо муборакбодии фосилавии моро қабул фармоед» – дар мактуби худ ба бонк иброз дошт Иқбол Ҳакимов, бонкири хурди барномаи Маблағгузории тиҷорати, Гурӯҳи Институтҳои Молиявии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) Бонки Эсхата […]

«Бо ҷоизаи «Фаъолтарин бонк-эмитент дар Тоҷикистон барои соли 2019» муборакбод мегӯям. Мутаасифона, аз сабаби COVID19 мо натавонистем ҷоизаро шахсан ба Шумо супорида бошем, аммо муборакбодии фосилавии моро қабул фармоед» – дар мактуби худ ба бонк иброз дошт Иқбол Ҳакимов, бонкири хурди барномаи Маблағгузории тиҷорати, Гурӯҳи Институтҳои Молиявии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР)

Бонки Эсхата бори навбатӣ чунин ҷоизаро сазовор гашт, ки аз ҷониби БАТР дар доираи барномаи мусоидат ба тиҷорат ташкил гардидааст. Ғолибон байни 120 бонкҳои-эмитент аз 30 кишварҳои олам муайян шуданд. Ин дастоварди калон барои Бонки Эсхата буда, баҳри пешравии бонк як таккони навбатии ҷиддӣ аст. То ба имрӯз дар Точикистон ягона Бонки Эсхата ҷоизаи «Фаъолтарин бонк-эмитент»-ро  шашкарата соҳиб шудааст.

Ҷоизаи мазкур соле як маротиба ташкил шуда, бо назардошти миқдор ва сифати хизматрасониҳо дар самти маблағгузории тиҷоратӣ ба бонкҳо супорида мешавад. Лоиҳаи мазкур барои рушди маблағгузории тиҷорат дар Тоҷикистон, пешравии фаъолияти соҳибкорони ватанӣ, тавассути пешниҳоди аккредитивҳо, кафолатҳои бонкӣ ва қарзҳои тиҷоратӣ мусоидат менамояд.

Бонки Эсхата минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки унвони фаъолтаринро сазовор гашта, дар натиҷаи фаъолияти соли 2020 низ гӯшаи дастовардҳои худро ғанӣ намояд.

Бонки Эсхата аз соли 2004 дар доираи «Барномаи маблағгузории тиҷоратӣ»-и БАТР мизоҷони худро дар муомилоти байналмиллалии тиҷоратӣ бо шартҳои имтиёзнок дастгирӣ менамояд: содирот ва воридоти молҳо, мусоидат дар таҳвили таҷҳизот аз кишварҳои ИДМ, Аврупо ва Осиё, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратию техникӣ ва дигарҳо. Сарфи назар аз пандемия, шарикони Бонки Эсхата дар соҳаи маблағгузории тиҷоратӣ муваффақ ҳастанд ва омодаанд, ки пешниҳоди мизоҷонро бо шартҳои ҳамкории дарозмуҳлат дида бароянд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.