Тағйироти кадрӣ дар қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти давлатӣ

Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои раисҷумҳур Ҳикматулло Пиракзода аз вазифаи муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ озод […]

Asia-Plus

Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои раисҷумҳур Ҳикматулло Пиракзода аз вазифаи муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ озод ва Насимҷон Раҷабзода ба ин вазифа таъин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ Ҳикматулло Пиракзода сардори Донишкадаи олии сарҳадии сарҳадии КДАМ ҶТ таъин гардида, Бадриддин Мирзозода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод карда шуд.

Нуриддин Нурализода директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Авазхон Зайнудин сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва таъин шуданд.

Малоҳат Холиқзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини директори Агентии омори назди Президенти ҶТ озод карда шуд. Ба ин вазифа Нодир Мирзоён таъин гардид. 

Зимни суҳбат сарвари давлат аз вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид кардаст, ки дар чунин шароити барои тамоми кишварҳои дунё ҳассосу печида ва пешгӯинашаванда ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд бо ҳисси баланди миллию ватанпарастӣ хизмат кунад.

“Барои пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, пурзӯр кардани назорат ва роҳ надодан ба қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва молу маҳсулоти пастсифат тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, танҳо масъулият ва ҳушёрии ҳар як сарҳадбон метавонад кишвари моро аз хавфу хатарҳои ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ эмин нигоҳ дорад”, – таъкид кардааст раисҷумҳур.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.