Санҷиши ронандагон ба COVID-19 ва дармондани садҳо фура дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар постгоҳи назорати “Ойбек” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон 200-250 мошинҳои боркаш ҷамъ омадаанд. Дармондани мошинҳои боркаши бузургҳаҷм (фура) бар асари он ба амал омадааст, ки ба ронандагон лозим меояд чандин рӯз натиҷаи тест аз COVID-19-ро интизор шаванд. Дар ин бора хабаргузории “Фергана” иттилоъ медиҳад. Барои ғизо дар ин ҷо тақрибан 100 ҳазор сӯм (наздики 10 […]

Дар постгоҳи назорати “Ойбек” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон 200-250 мошинҳои боркаш ҷамъ омадаанд. Дармондани мошинҳои боркаши бузургҳаҷм (фура) бар асари он ба амал омадааст, ки ба ронандагон лозим меояд чандин рӯз натиҷаи тест аз COVID-19-ро интизор шаванд. Дар ин бора хабаргузории “Фергана” иттилоъ медиҳад.

Барои ғизо дар ин ҷо тақрибан 100 ҳазор сӯм (наздики 10 доллар) дар як рӯз сарф шуда, пули ронандагоне, ки як ҳафта боз дар инҷоянд, ба охир мерасад. Ғайр аз ин, ронандагон маҷбуранд, ки дар кабинаҳо шабро рӯз кунанд ва вақте ҳаво беҳад гарм мешавад, дар дохили он будан ғайриимкон мегардад.

Дар ин мавзеи наздисарҳадӣ мошинҳои калонҳаҷми боркаш бо рақамҳои кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, Қирғизистону Русия ва Туркия ба мушоҳида мерасанд.

Яке аз ронандагон изҳор доштааст, ки қаблан натиҷаи тестҳо дар муддати 12 соат ё дертараш дар зарфи 1 шабонарӯз муайян карда мешуд, лекин ҳозир он хеле  тӯл мекашад (3-4 рӯз ва зиёдтар).

Ҳафтае қабл намояндаи ситоди мубориза бо коронавируси Ӯзбекистон Ҳабибулло Оқилов изҳор дошт, ки пештар натиҷаҳои тест дар мудати 5-6 соат муайян карда шуда, ҳрзир барои ин аз 1-2 рӯз то 1 ҳафта мунтазир шудан лозим меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.