Ҳақиқат. Мессенҷери Google бе интернет кор мекунад, аммо на дар ҳама ширкатҳои мобилӣ

Чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо миёни корбарон хабаре аз сомонаи akket.com паҳн мешавад, ки гӯё Google мессенҷереро (паёмрасон) роҳандозӣ кардааст, ки бе интернет кор мекунад ва он "кушанда" – и WhatsApp-у Viber мебошад. Албатта ин хабар барои ҳама корбарон ҷолиб аст, аммо ғайричашмдошт ва боварнакарданист. Аз ин сабаб мо тасмим гирифтем хабарро тафтиш […]

Се нуқта

Чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо миёни корбарон хабаре аз сомонаи akket.com паҳн мешавад, ки гӯё Google мессенҷереро (паёмрасон) роҳандозӣ кардааст, ки бе интернет кор мекунад ва он "кушанда" – и WhatsApp-у Viber мебошад. Албатта ин хабар барои ҳама корбарон ҷолиб аст, аммо ғайричашмдошт ва боварнакарданист. Аз ин сабаб мо тасмим гирифтем хабарро тафтиш кунем ва ҳақиқати онро маълум созем.

Таҳлили мо нишон дод, ки дар ҳақиқат мессенҷери Google – «Android Messages» ё «Сообщения» бе интернет кор мекунад, аммо на дар ҳама кишварҳо ва ширкаҳои мобилӣ. 

Тафсилоти таҳлилро инҷо хонед:

Дар хабари сомонаи akket.com аз 17 июл гуфта мешавад, ки то имрӯз ягон мессенҷер қобилияти кор кардан бе интернетро надорад, аммо интернет на ҳамеша вақти сафарҳо дастрас аст ё дар баъзе кишварҳо дастнорасу гарон аст.

“Агар то ба наздикӣ ин ҳамаро таҳаммул кардан лозим мешуд, ҳоло ба ин ҳеҷ эҳтиёҷе нест. Гап дар он аст, ки Google тасмим гирифт, мессенҷери навашро роҳандозӣ кунад. Бартарияти асосии он ин аст, ки бидуни дастрасӣ ба шабакаи глобалӣ кор мекунад, яъне ба ибораи дигар, шумо метавонед бе сарф кардани маблағ амалҳои гуногунро иҷро кунед”.

Ҷустуҷӯ дар манбаъҳои гуногун нишон дод, ки дар ҳақиқат ин мессенҷер бо чунин имконият вуҷуд дорад, аммо нав набуда соли 2014 фаъол шудааст. Ин барнома бе дастрасӣ ба интернет танҳо дар ширкатҳои мобилие кор мекунад, ки имкони фарогирии протоколи RCS – ро доранд.

RCS ё Rich Communications Services (Хадамоти коммуникатсионии бой) як протоколи нави онлайнӣ аст, ки соли 2008 аз ҷониби Ассотсиатсияи GSM ба ивази стандарти ҷории паёмнависии SMS (Short Message Service) қабул карда шудааст. Ин пртокол имконоти паёмнависии мултимедиявиро фароҳам меорад. Илова ба паёмҳои матнӣ бо ёрии ин протокол шумо метавонед GIF, аксҳо ва видеоҳои баландсифат осон ба истифодаи интернет ба дӯстонатон фиристед.

Мувофиқи иттилои Ассотсиатсияи GSM, алҳол ин хизматрасонӣ дар 90 ширкати мобилии дунё (аксаран Амрикову Аврупо) дастрас буда, шумораи муштариёне, ки ба ин протокол дастрасӣ доранд бештар аз 400 млн. аст. Аз кишварҳои ба мо наздик аз Федератсияи Русия ширкати мобилии МТС бо доштани протоколи RCS ба рӯйхати GSM дохил шудааст.

Албатта Google тасмим дорад ҳарчи бештар ширкатҳои мобилиро ба ин протокол пайваст намояд, то мушкили дастарасии корбарон ба интернет то ҷое осон гардад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта.” омода шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook  ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.