Дар Суғд аз коронавирус 16 нафар вафот карданд

Зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода изҳор дошт, ки дар қаламрави вилоят бар асари сирояти коронавирус 16 нафар вафот кардаанд. Ӯ қайд кард, ки аз оғози изҳорот дар бораи мавҷудияти коронавирус дар кишвар (30 апрел) то имрӯз дар вилоят 1938 сироятёфтагон аз ин вирус сабт шуда, 1891 кас шифо ёфта,  16 […]

Зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода изҳор дошт, ки дар қаламрави вилоят бар асари сирояти коронавирус 16 нафар вафот кардаанд.

Ӯ қайд кард, ки аз оғози изҳорот дар бораи мавҷудияти коронавирус дар кишвар (30 апрел) то имрӯз дар вилоят 1938 сироятёфтагон аз ин вирус сабт шуда, 1891 кас шифо ёфта,  16 нафар аз COVID-19 фавтиданд ва боз 31 нафар айни замон дар бемористонҳо муолиҷа мегиранд.

Ба гуфтаи ӯ, 7 ҳазору 117 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз сарҳад гузаштанд, муддати 14 рӯз дар беморхонаҳои вилоят таҳти муоинаи табибон ба карантин гирифта шуда, пас аз манфӣ баромадани натиҷаи ташхис ба коронавирус ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Мақсудзода қайд кард, ки замони пандемия дар қаламрави вилоят 5 госпитал (дармонгоҳи махсус) ташкил шуд: беморонро беморхонаи вилоятии клиникӣ, таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд, таваллудхонаи вилоятӣ, беморхонаи №3-и ҷамоати Х.Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва беморхонаи шаҳри Бӯстон қабул карданд.

Ёдрас мекунем, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 57 нафар бар асари сирояти коронавирус вафот карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.