Дар Тоҷикистон аз 1 сентябр нафақаҳо 15% зиёд мешаванд

Дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли равон нафақаҳо боло рафта, онҳо бори навбатӣ индексатсия (бо назардошти болоравии нарх дар давраи таваррум) мешаванд. Нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯйи синнусол 15% афзуда, нафақаи маъюбони корношоям 50% зиёд мешавад. “Дар баробари ин мо дар нақша дорем, ки нафақаҳоро ба андозаи 8% индексатсия кунем”, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли равон нафақаҳо боло рафта, онҳо бори навбатӣ индексатсия (бо назардошти болоравии нарх дар давраи таваррум) мешаванд. Нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯйи синнусол 15% афзуда, нафақаи маъюбони корношоям 50% зиёд мешавад.

“Дар баробари ин мо дар нақша дорем, ки нафақаҳоро ба андозаи 8% индексатсия кунем”, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумат Дилмурод Давлатзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар қонунгузории Тоҷикистон индексатсияи ҳамасолаи нафақаҳо пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи қонунгузорӣ, қисмҳои суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои меҳнатӣ бе назардошти иловапулӣ ва кумакпулиҳо ба он бояд индексатсия шаванд.

Дар робита ба ин ҳаҷми нафақаи миёна дар Тоҷикистон, ки айни замон 303 сомонӣ ($29,44)-ро ташкил медиҳад, низ зиёд мешавад.

Ғайр аз ин, Давлатзода хотиррасон намуд, ки аз 1 сентябр дар баробари нафақа маош ва стипендияҳо низ зиёд карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.