Бо вуҷуди баста будани сарҳадҳо, Тоҷикистон аз соли гузашта $51 млн зиёдтар савдо кард

Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон 2,14 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 млн доллар зиёдтар аст. Сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода ба журналистон хабар дод, ки аз ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ 1,5 млрд доллар ба воридот рост меояд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи […]

Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон 2,14 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 млн доллар зиёдтар аст.

Сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода ба журналистон хабар дод, ки аз ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ 1,5 млрд доллар ба воридот рост меояд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 51,5 млн доллар камтар аст.

“Аз ин ҳаҷм 640,7 млн доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ҳамин давраи соли пешин 102,6 млн доллар бештар аст, – гуфт ӯ. – Ба ин тариқ, ҳаҷми воридот 3,3% кам шуда, содирот – 19,1% афзуд”.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки дар сохтори умумии гардиши молу маҳсулот ҳиссаи воридот 70,1% ва содирот – 29,9%-ро ташкил медиҳад.

Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 106 кишвари дунё муомилоти молу маҳсулот анҷом додааст.

Ҳамчунин қайд шуд, ки аз ҳаҷми умумии содиро 21,3% ё худ 136,6 млн доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 504,1 млн доллар ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд.

Харидорони молу маҳсулоти Тоҷикистон дар ин давра Туркия (16,3% аз ҳаҷми умумии содирот), Қазоқистон (13,3%), Афғонистон (6,2%), Ӯзбекистон (4,4%), Чин (2,7%) , Русия (2,6%) , Белгия (2,1%) ва Италия (1,2%) дониста шудаанд.

“Дар қиёс бо 6 моҳи соли 2019 имсол ҳаҷми содироти молу маҳсулот ба Ӯзбекистон ба миқдори 55,2 млн доллар, Чин – 10,5 млн, Эрон – 7,3 млн ва Қазоқистон – 6,6 млн доллар кам шуд”, – илова кард Каримзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.